“Камоли  Хуҷандӣ”. Китобе, ки 70 пеш бо сарсухани профессор Шарифҷон Ҳусейнзода чоп шудааст

Камоли  ХуҷандӣКитоби “Камоли Хуҷандӣ” аз силсилаи “Классикони адабиёти тоҷик” 70 сол пеш, соли 1955 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) бо талошу кӯшиш ва сарсухани пурмуҳтавои профессор устод Шарифҷон Ҳусейнзода чоп шудааст ва як нусха аз он ҳоло дар бойгонии шуъбаи депозитарии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Китоб аз се бахш иборат буда, намунаҳо аз ғазалиёт, рубоиёт ва байтҳои ҷудогонаро дар худ ҷо додааст.

Як арзиши волои ин китоб таҳқиқоти олимонаву фозилонаи устод Шарифҷон Ҳусейнзода мебошад, ки барои муҳаққиқони осори мондагори шоири маъруф Камоли Хуҷандӣ метавонад чун сарчашмаи муътамад хидмат кунад. Донишманди шинохта Шарифҷон Ҳусейнзода дар баробаи зикри тарҷумаи ҳоли шоир мазмуни мундариҷаи осори ӯро низ мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Устод Ҳусейнзода бо мадраке, ки дар даст дошт, дар бораи Камолпажӯҳишӣ низ сухан ронда, оид ба он ки то куҷо дар Ғарбу Шарқ осори ин шоири нотакрор машҳур буд ва пажӯҳандагони осори ӯ дар Ғарбу Шарқ киҳо буданд ва онро чӣ гуна арзёбӣ кардаанд, ибрози назар намудааст.

Як бахши муҳими сармақолаи ин китоб аз сарнавишти шоири шӯридадил баҳс мекунад, ки тули умр зиёд аз шаҳр ба шаҳру кишвар ба кишвар саргардон шуда, билохира Табрезро макони зист қарор додаву дар ҳамин шаҳр хонаи охират ёфтааст.

ИН ДУ ҒАЗАЛ АЗ ҲАМИН КИТОБ АСТ:

Эй одати қадимат дилҳои мо шикастан,

Сангин диле гузида, аҳду вафо шикастан.

Тарсам, ки пои нозук озурда созӣ аз дил,

Ин обгина то кай дар зери по шикастан?

Тарфи ду рух раҳо кун то бишканем зулфат,

Як орзу чӣ бошад дар моҳҳо шикастан?

Бодому писта карданд умре аз он лабу чашм,

Чашму даҳон ҳар як бояд ҷудо шикастан.

Пеши Камол васлат мулки ду олам арзад,

Шарт аст муштариро аввал баҳо шикастан.

 

****   ****   ****

Гуфтам: малакӣ ё башарӣ? Гуфт, ки ҳар ду,

Кони намакӣ ё шакарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.

Гуфтам: Ба латофат гулӣ, эй сарви қабопӯш,

Ё найшакарӣ дар қамарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.

Гуфтам ба ҷабине, ки ба он рӯй тавон дид,

Ё оинаӣ ё қамарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.

Гуфтам, ки ба як ишва рабоӣ зи сарам ақл,

Ё ҷони ман аз тан бибарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.

Гуфтам зи Камоли ту чунин бехабарӣ бас,

Ё худ зи ҷаҳон бехабарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи хидматрасонии депозитарии Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи чорму мутолаа намоянд.

Нурбой НУРОВ, мутахассиси шуъбаи депозитарӣ