Каниз ва каниздорӣ дар гузашта. Ба кадом маъно?

КанизКаниз (паҳлавӣ kanik духтар, духтари пешхизмат;  аз кан – зан  ва из – пасванди тасғир) хидматгордухтар, хидматгорзан; дар низоми муносибатҳои ҷамиятии ғуломдорӣ ҳар бардае аз ҷинси зан, ки мулки касе бошад.

Тибқи Библия шоҳ Сулаймон 300 каниз. Доштааст (3 Подшоҳон, 11:3). Соро канизани Иброҳим нозо буд ва Хоҷар ном канизи мисрие дошт. Ба шавҳараш гуфт: ”Худованд маро аз зоидан боздошт, пас ба канизи ман бихоб, «шояд аз вай фарзандор  шавам»  (Ҳастӣ,16:1,2).

Дар қонунҳои Ҳамураппи, банди 146, омадааст, ки дар ҳолатҳои муайян канизеро, ки аз хоҷаи худ фарзанд ёфта, талаби баробарӣ бо хонумашро кардааст, метавон  ҷазо дод, вале наметавон фурӯхт. Дар дарбори шоҳони  қадим, аз ҷумла Эрони Бостон, Рум ва Руси Қадим нигоҳ доштани шумори зиёди канизон марсум будааст. Дар дарбори иддае аз подшоҳони Эрон то 6 ҳазор каниз мезистааст.

Дар ислом канизанон ва духтаронеро мегуфтанд, ки дар ҷангҳо ба дасти мусулмонон  асир меафтоданд. Канизони масеҳӣ, яҳудӣ ва  ё зардуштӣ дар хонаи мусулмонон бо озодии тамом ба маросими динии худ амал мекарданд, метавонистанд чалипову зуннор ва тасвирҳои муқаддаса бо худ дошта бошанд. Иддае аз канизонро харида будаанд, иддае дар миёни мусулмонон ба дунё омода будаанд.

Канизонро ба хидматгузорӣ мегузоштанд. Монанди мол мефурӯхтанд, ба якдигар ҳадя медоданд, бо онҳо ҳамбистарӣ мешуданд. Канизеро, ки махсус барои ҳамбистарӣ нигоҳ дошта мешуд, суррия мехонданд. Омӯзиш ва парвариши Канизон яке аз корҳои пурсуд буд. Баҳои канизони тарбиятдида, некрӯй аз мусиқиву шеьр ва адабиёт огоҳ то ба чандин ҳазор динор мерасид.

Ҳамхобагӣ бо канизон пеш аз ислом низ маьлум будааст. Дар Рум, агарчи ҳуқуқи канизан пастар буд, аммо равобит бо ӯ сурати қонунӣ дошт. Арабҳо каниззодагонро паст мешумурданд, аммо агар аз канизон фарзанд мешуд, ӯро ба занӣ мепазируфтанд. Бисёре аз хулафои аббосӣ каниззода будаанд. Ҳамин ки канизони халифа соҳиби фарзанд мешуданд, нуфузи бештар пайдо мекарданд, Масалан, Ҳайзурон – модари Ҳорунаррашид фармонравои  кишварҳои исломӣ шуд.

Канизон монанди тобанда моҳ,

                         Ғуломони чинӣ ҳама бо кулоҳ.

                                                                           Фирдовсӣ.

 

  Бозчоп аз Энциклопедияи миллии тоҷик. Душанбе, 2020.Ҷ.9. – С. 429.

 Таҳияи  Олуча Исмоилова, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.