Карнеад: Файласуфи бекитоби Юнони Бостон

Карнеад тақрибан соли 214/213 дар Кирена, Африқои Шимолӣ ба дунё омадааст. Файласуфи Юнони Қадим, пайрави Афлотун, сарвари Академияи Нав пас аз Ҳегесин, машҳуртарин намояндаи Академияи шаккокияи даврони Эллинӣ, писари Эпиком буд.

Санъати баҳс (диалектика)-ро аз Диогени равоқӣ омўхт. Мавҳумот (догматика)-и равоқиён (пеш аз ҳама Антипатр аз Тарс)-ро тарғиб мекард. Ҳамчун суханвари бузург шуҳрат ёфта, соли 155 то м. дар ҳайати намояндагони сафорати Афина ба Рум фиристода шуд, то ин ки аҳолии Афинаро аз ҷаримаҳои гарон озод намояд. Дар он ҷо Карнеад тавоноӣ ва неруи санъати баҳсро нишон дода, дар тўли ду рўз ду бор суханронӣ кард: дар яке аз дод (адолат) пуштибонӣ ба амал овард ва дар дигаре зидди он сухан гуфт, ки ҳар яке бисёр қонеъкунанда буданд. Ин суханрониҳои ў донишмандону мардуми Румро чунон ба ҳаячону изтироб водошт, ки бо исрори ходими сиёсӣ ва нависандаи Рум Катон ў ва намояндагони сафорати Афина фавран ба ватан баргардонида шуданд, то ин ки Карнеад ҷавонони Румро бероҳа накунад.

Карнеад шогирдони бисёре дошт. Академия дар даврони ў шукуфо гардид. Карнеад асарҳои фалсафӣ нанавиштааст; таълимоти ўро шогирдонаш Клитомах, Зенони Александрӣ ва Ҳаннони Тарсӣ аз суханрониҳояш тартиб додаанд.

Карнеад равишҳои нобоварӣ ё шаккокии зидди мавҳумот  (антидогматикӣ)-и Аркесиларо дар шакли мубоҳисаҳо рушд додааст. Вучуди меъёрҳои ҳақиқатро инкор карда, таълимоти равоқиюнро дар бораи «таассуроти маърифатпазир» танқид кардааст, зеро ҳар як таассурот метавонад ҳам ҳақ бошад ва ҳам ноҳақ; таассурот наметавонад маърифатпазир бошад, бино бар ин, меъёри ҳақиқат ҳам буда наметавонад; дар айни ҳол, хирад низ меъёри ҳақиқат буда наметавонад, чунки дар бораи ҳар чизе, ки хирад ҳукм мекунад, пеш аз ҳама бояд барояш ошкор бошад, аммо ҳақиқат ба хирад бидуни ҳиссиёт муяссар намегардад.

Карнеад се навъи таассуротро фарқ гузоштааст: қонеъкунанда, санҷидашуда ва устувор. Дар ахлоқ шавқу рағбати зидди равоқии Карнеад ўро ба муҳокимаҳои мусбат дар бораи «хайри олӣ» ба ин натиҷа расонидааст, ки инсон аз рўи имкон бояд аз ҳамаи он неъматҳое, ки табиат барояш эҳдо кардааст, лаззат барад. Ў таълимоти якчанд мактаби фалсафӣ, ҳастии худоёну парастиши онҳо, масъалаҳои тақдир, фолбинӣ, астрология ва ғайраро танқид кардааст      Карнеад соли 129-128 то мелод дар Афина вафот кардааст.

Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 548.

Муаллиф: А. Горбачевский.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.