Кароматуллоҳи Мирзо: Ҷони мову шумо китоб аст!
Мо адибон бо душвориву азоб солҳои сол китоб менависем, ба нашр мерасонем ва дар ихтиёри шумо мегузорем. Тавассути шумо ин китобҳо аз насл ба насл мерасанд. Агар ин кохи муҳташам набошаду китобҳои мо нарасанд, парешон мешаванд, нобуд мешаванд. Шумо китоб мегўед, мо ҳам китоб мегўем. Ҷони мову шумо китоб аст, – гуфт Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар як мулоқот бо хонандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ. Ин вохӯрӣ субҳи имрӯз тибқи як барномаи маҳфили “Дар суҳбати адиб” доир гардид.
Мулоқотро муовини директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, аз ҳаёту эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо сухан гуфт.
Зимни муаррифии нависанда ў аз ҷумла гуфт, ки Кароматуллоҳи Мирзо аз зумраи адибони тавонову маъруф ва сермаҳсули мост. Адибро тавассути асарҳои ҷовидонаву мондагораш, монанди романи «Дар орзуи падар», ки бар пояи он як сериёли телевизионӣ низ таҳия ва намоиш дода шуда буд, бештар мешиносанд. Устод Кароматуллоҳи Мирзо муаллифи даҳҳо повесту романҳо ва ҳикояҳои хонданиву мондагоранд. Ғайр аз филме, ки ном бурдам, аз рӯи асарҳои дигари адиби маъруф низ филмҳо офарида шудаанд. Ва ин филмҳо дар кишварҳои ҳамзабони мо, Эрону Афғонистон маъруфият доранд.
Зимни суханронии худ Кароматуллоҳи Мирзо гуфт, ки кормандони ин қасри бошукуҳу бузург аз табақаи худаш, яъне табақаи аҳли адабу эҷод ҳастанд. Зеро миёни кормандон нафароне ҳастанд, ки китобҳои ўро аз ў беҳтар медонанд.
Ў дар ин маҳфил аз ин сўҳбат изҳори қанотмандиву хушнудӣ намуда, гуфт:
– Бандаро бисёр ба вохўриҳо даъват мекунанд, аз табақаҳои гуногуни ҷомеа, масалан, хонандагони мактабҳову донишҷўён ва омўзгорон. Вале имрўз вохўрии ман бо шумо дигар аст. Ва ҳамин рўзҳое, ки мегузаронед, бо китоб мегузаронед, китоб гуфта дар ин хазина ҳастед. Китоб ризқу рўзии шумо аст. Барои ин мову шумо бояд аз Президенти кишвар ифтихор кунем. Ташаккур гўем.
Ба суоли хонандагони асарҳояш дар мавриди зиндагияш чунин посух дод:
– Пештар аз ин ҳам мову шумо якдигарро мешиносем, медонем. Мо тифлони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳастем. Ман синфи 9 шудам, баъд шаҳодатномаи таваллуд гирифтам. Мактаби деҳаи Роҳатиро ба поён расонда, шомили риштаи таърих ва филологияи донишгоҳи омўзгорӣ шудам. Гурӯҳи мо, ки 17 нафар буд, ҳамаашон аълочӣ буданд. 5 нафараш узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва 3 нафараш: ман Меҳон Бахтӣ ва Лоиқ Шералӣ шоирону нависандагони халқӣ унвон гирифтем. Ҳоло 80 – сола шудам.
Яке аз устодони Кароматуллоҳи Мирзо Ҷалол Икромист, ки қиссаи «Шабе дар Кабудҷар»-ро аввал ба ў барои таҳрир ва машварат додааст. Нависандаи маъруф аз он рӯйдод ёд овард ва гуфт, ки устод пас аз мутолиа маро табрик карданд, муваффақ шудӣ гуфтанд ва ҳамзамон аз камбудиҳои он низ ёдовар шуданд.
Кароматуллоҳи Мирзо Абдумалик Баҳорӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиевро низ аз устодонаш дар роҳи нависандагӣ ва зиндагӣ донист. Бахусус Фазлиддин Муҳаммадиев ба ў дар роҳи илм ва тарбия чун адиб бештар кўмак кардааст. Ба назари ин нависандаи тавоно Фазлиддин Муҳаммадиев худ адиби соҳибмактаб буд ва аксари нависандагоне, ки солҳои сол эҷод карданду имрӯз дар ин роҳ сар сафед намуданд, аз ҷумла Абдулҳамид Самад ва Саттор Турсун шогирдони Фазлиддин Муҳаммадиев мебошанд.
Маҳфили «Дар сўҳбати адиб» як маҳфили сирф адабист, ки моҳе як маротиба доир мешавад ва дар ҳар маҳфил як нафар аз ҷумлаи нависандагону шоирони машҳур даъват мешаванд, бо хонандагон суҳбат мекунанд.
Устод Кароматуллоҳи Мирзо дар ин суҳбат бо ҳамсар ва писаронаш ташриф овард.
Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.