Картир кӣ буд ва чӣ ва набиштаҳое дошт?
Ба забони форсии тоҷикӣ роҷеъ ба ин марди бузург, ҳомии дини зартуштия, ки дар таърихи Эрони Сосониҳо шўҳрати зиёд дошт, ҳеҷ гуна иттилоъе нест. Баъди маргаш ўро зуд фаромӯш намуданд. Қонуни танзим намудаи ўро дар адвори дерин куфр эълом карданд ва фаъолияти ў ба шахси дигари сохта мансуб дониста шуд.
Аммо таърих ўро дар ёд дорад. Пайкараи ин шахсияти барои аввалин шоҳони сосонӣ азиз, сангнабиштаҳои вай то ба замони мо расиданд. Ғояҳои вай роҷеъ, ба созмондиҳии он айём дониста мешавад. Дар воқеъ чӣ касе буд ин Картир? Ба дину давлат ба тақдири кишвар чӣ таъсире дошт ў.
Картир фаъолияти хешро дар замони асосгузори давлати Сосониҳо, Арташери 1 оғоз мекунад. Вай он замон хербед буд. Ин вазифа аз рўи хусусияташ муаллими маъбадро мемонд. Дертар, дар замони Шопури 1 вай шўҳрат пайдо кард. Бо фармони шоҳаншоҳ Картир ба низом даровардани маъбадҳоро оғоз кард. Ва ин фаъолияти ў дар замоне анҷом пазируфт, ки Эрон бо Рим ҷанг дошт. Манзалати Картир ба замони шоҳаншоҳии набераи Шопури 1 Вараҳрани II (солҳои 276-293) ба арҷи камол расид. Картир падари рўҳонии Вараҳран буду барои ба тахт нишастани ў мусоидат намуд. Шоҳаншоҳ ҳам қарзи хешро нисбат ба Картир адо кард. Вай Картирро сарвари маъбади Анаҳито, ки муқаддасгоҳи авлодии шоҳони сосонӣ буд, таъйин намуд. Ин маъбад дар Истахр ҷой дошт ва қабл аз ин танҳо шоҳаншоҳон сарварии онро ба ўҳда доштанд.
Картир дигар тафсирдиҳандаи «иродаи худоён», ҳокими кулли дини заргуштияи тамоми кишвар буд. Ва ў дар раванди давлатӣ гаштани дини заргуштия нақши бузург бозид. Маҳз бо кўшиши ў корбурди будхонаҳо, яъне динҳои насронӣ, монавия ва ғайра маҳв карда шудаанд. Ҳамаи ин хидматҳои Картир дар чаҳор набиштаи худи ў сабт шудаанд. Дар ин сангнабиштаҳо вай худро пайғамбар, хостаи худоён мешуморад.
Тибқи гузориши В.Г.Луконин ҳамаи чаҳор сангнабиштаҳои коҳини номдори Эрон (мағупати Аҳура Маздо) Картир дар замони ҳукумронии Вараҳрани 2 нигошта шудаанд (28-С-3-8).
Дар ин сангнабиштаҳо маълумоти муҳими ба худи Картир доир ҳам ҳаст. Дар ибтидо вай мураббии мазҳабӣ («муҳофизи рўҳӣ»-и) шоҳаншоҳи ҷавон буд ва ҳини салтанати Вараҳрани 2 вай ба дараҷаи «вазург» (ки мартабаи дуюми волонишинон буду баъди шоҳзодаҳо, хонаводаҳои машҳури давлатӣ ҷой мегирифт) соҳиб шуд. Картир ба замми фармонфармоии маъбади Анаҳитои Истахр буданаш ба додгустарии олии кишвар таъйин мешавад.
Картир дар сангнабиштаҳояш ба Вараҳрани 2 баҳои баланд медиҳад, ва он ҷо бори нахуст тариқатномаи «шоҳи идеалӣ»-ро пешниҳод мекунад. «Сипас Вараҳран, шоҳаншоҳ, ҳамоне ки ҷавонмард асту ҳақҷў, ҳамоне ки чароғи дин асту корҳои неку таҳсиномез мекунад, ба тахт нишаст» (30-С-110). Аз рўи ин ақидаи Картир «шоҳи идеалӣ» бояд диндор бошад, ҳамеша зери таъсири мураббии хеш бошаду андешаҳояш ба оини мазҳаб созгор бощад. Давлат мувофиқи ин ақидаи Картир бояд ҳатман мазҳабӣ гардад.
Ба ҳамин тариқ, тамоми корҳои мазҳабӣ ба ихтиёри Картир гузашт. Ана ҳамин гузариш ҳуқуқи Картирро бо мунодии ягонаи «иродаи Аҳура Маздо» мустаҳкам намуд. Ва ў тавоноиии хешро ба кор бурду тахтро барои хонаводаи Вараҳрани 2 нигоҳ дошт.
Картир дар сангнабиштаҳояш роҷеъ ба масоили замон маълумоти муфид меорад. Он ҷо дар бораи шоҳон, ба тахт нишастану фавтидани онҳо, муборизаҳои сиёсии олимақомҳо ва албатта доир ба вазъи дини заргуштия иттилоот ҳаст. Чунончи дар яке аз сангнабиштаҳояш вай изҳор мекунад: «ҳам андар дарбор ва ҳам андар шаҳру остонҳо, андар умури худоён ман нерумандтар, тавонотар ва фармонфармотар гаштам».
Баъди ба тахт нишастани Нарсе маъбади асосии сосонӣ ба ихтиёри шоҳаншоҳ гузашт. Дар сангнабиштаи Нарсе Картир дигар «ғосиб», яъне ҳамчун касе, ки зўран маъбаду динро ба худ тобеъ кардааст, муаррифӣ мешуд. Тасвиру сангнабиштаи шоҳаншоҳ Нарсе, воқеъ дар маҳалли Нақши Рустам, аз пурзўр гаштани қонуният шаҳодат медиҳанд. Нарсе дар набиштаи хеш идеали нави шоҳ, маҳз ба дасти ў мутеъ шудани тамоми ҳокимият, тамоми умури давлат ва динро эълом кард.
Аз тақдири минбаъдаи Картир дигар иттилоъ нест. Ин ходими барҷастаи дин, ки заргуштияро ба дини давлатӣ табдил дод, дар таҳрири Авасто ширкат дошту ба нигошта шудани номаҳои зиёди динӣ мусоидат карда буд, ҳангоми ба тахт нишастани Нарсе тақрибан 80-сола будааст. Сангнабиштаҳои Картир имрўз ҳам дар кушоиши уқдаҳои душвори замони Сосонӣ ба донишмандон ёрӣ медиҳад.
Аз китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ