Кашфи истеъдодҳои нав дар озмуни ҷумҳириявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”
“Ман ҳарчанд аз баромади худам чандон қаноатманд нестам, аммо тасмим дорам боз ҳам бо тайёрии ҷиддитар ба ҳамин озмун биёям”- мегӯяд Муссаламаи Шокирхон донишҷӯи колеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.
Мусаллама баъди баромадаш бо ҳаяҷон нақл кард, ки дар дастрасии баъзе китобҳо танқисӣ доштам, вагарна суолҳо чандон мушкил набуд.
Иштирокчии дигар Ҳанифамоҳи Эмомҳисайн – ғолиби ҷойи аввал дар даври якуми озмуни мазкур аст. Ӯ мегӯяд, китобҳои “Чеҳраҳои мондагон”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Уфуқҳои истиқлол” пурра хондааст ва ба озмун танҳо барои ғолиб омадан омадааст.
Аммо Усмоналӣ Зоиров донишҷӯ аз колеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ мегӯяд, афсӯс вақти камтар доштам барои тайёрии ҷиддӣ, вақте ба умқи китобҳо ворид мешавӣ бисёр ҳаловатбахш аст.Тасмим дорам баъди озмун дигар бахшҳои китобҳои Пешвои миллатро мутолиа кунам.
Ҳалифа Сафарова донишҷӯи соли 3 факултети сиёсатшиносии Донишгоҳи миллӣ аст. Ҳалима бо тайёрии хеле ҷиддӣ омадааст. Ӯ то оғози озмун бо рақибонаш дар доираи низомномаи озмун суолу ҷавоб карда, мегӯяд воқеан довталабон бар ин бахш хеле фаъоланд ва ғолиб танҳо нафаре мешавад, ки сазовор бошад.
Довталаби дигар дар гурӯҳи аввали иштирокчиён Мавлуддин Холов донишҷӯи соли 4 уми факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо хурсандӣ изҳор дошт :“Хуб шуд ки пешниҳоди чунин озмун аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ роиҷ гардид. Мутолиаи асарҳои Пешвои миллат барои ҳар яки мо вазифа маҳсуб мешавад чун огоҳӣ аз таърих, аз тамаддуну фарҳанги миллӣ ва ошноии бештар бо давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба ояндаи нек ва дурахшон раҳнамои месозад.
Аз колеҷи тиббии давлатии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Бобозафар Юсуфов ба озмун омадааст. Бобозафар бар он ақида аст, ки бисёриҳо ба ин озмуни ҷиддӣ тайёрии хуб надидаанд. Дар ҳоле ки асарҳои Пешвои миллат ва арзиши онҳо болотар аз як китоб ва нақши онҳо дар рушду ташаккул ва худшиносии ҳар яки мо таъсири волое дорад.
Дар робита ба озмун Суҳайло Мустафоева донишҷӯи колеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ақидаи комилан дигар дорад. Ӯ мегуяд, “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои ман фақат як озмун нест, ин масъулият аст. Вақте ман тасмим гирифтам дар шинохти Пешвои миллат, таъриху тамаддуни миллати худ ва худшиносии миллӣ ақидаҳои созанда дошта бошам, ин китобҳо барои ман равшаннамои роҳи ояндаам мегарданд.
Аз ин андешарониҳо ва таасуроти довталабони озмун метавон хулоса кард, ки иқдоми пешгирифтаи Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор айни муддао буда, он барои рушду ташаккули ҷавонон дар роҳи худшиносӣ саҳми босазое мегузорад.
Дар давоми ду рӯз мо бо бисёре аз довталабон суҳбат кардем, аксарияти онҳо китобҳои “Чеҳраҳои мондагор”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”, “Уфуқҳои истиқлол”, “Мавлоно ва таммадуни инсонӣ” ва даҳҳо китобҳои пурарзишро мутолиа намудаанд.
Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ки ҳадаф аз баргузории он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни қишри ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошад, метавонад воқеан чунин истеъдодҳоро рӯи кор биёварад ва нақши босазое дар рушди фарҳангӣ милли гузорад.
Давоми ду рӯз ва сатҳи дониши аксари онҳо махсусан донишҷуёни донишгоҳҳои олии кишвар нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба озмун ва омӯзиши асарҳои Пешвои миллат, ки тамоми масъалаҳои ҳаётиро матраҳ кардааст, кам нест.
Ҳайати доварони озмун то ин дам зиёда аз 120 нафар довталабонро пурсида, ба онҳо баҳогузорӣ намуданд. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ба даври ниҳоии озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” 268 нафар довталаб роҳхат гирифта, онҳо дар 3 гурӯҳ: гурӯҳи аввал Донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳо, гурӯҳи дуюм муассисаҳои таҳсилоти миёна ( колеҷҳо) –и шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ва гурӯҳи сеюм довталабон аз вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ тақсимбандӣ шуда, пурсида мешаванд.
Бояд зикр кард, даври ниҳоии озмуни мазкур аз 24 уми сентябр оғоз гардид ва то 28 уми сентябр идома хоҳад кард. Назару андешаҳои довталабон, омӯзгорони онҳо ва рафти баргузории озмунро рӯзҳои баъдӣ идома медиҳем.