Касрати Намангонӣ кӣ буд?
Касрати Намангонӣ шоири тоҷики асри 19 буд. Шоир аз Марғелони Фарғона буда, пас аз таҳсили илм ва касби камол ба хидмати дарбори Умархони Амирӣ роҳ ёфт. Ў табъи хуби шоирӣ дошт ва аз нозукиҳои шеър огоҳ буд. Дар бадоҳатан гуфтани шеър низ маҳорат дошт.
Аз Касрат ғазалҳо, рубоиҳо, қитъаҳо ва абёти пароканда боқӣ мондаанд, ки дар тазкираҳо («Туҳфату-л-аҳбоб»-и Возеҳ, «Маҷмўату-ш-шуаро»-и Фазлии Намангонӣ ва ғ.) ва баёзиҳои асри 19 сабт шудаанд. Мавзўи ашъори Касрат: ишқу муҳаббат, тасвири манзараҳои табиат ва мадҳ буд.
Касрат ҳунари хаттотӣ дошта, махсусан дар навиштани хатти насҳ моҳир будааст. Абёти зер аз ўст:
То ба гашти боғ он гулгунсавор омад бурун,
Гул ба пеши дидаи булбул чу хор омад бурун,
Бе ҳарими васли ту дилро набошад иззате,
Чун шунид девона то, аз кўи ёр омад бурун.
Эй дил, аз қайди тааллуқ бигзару озода шав,
Ҳар кӣ Маҷнун шуд, зи ранҷи рўзгор омад бурун.
Кам нагардад аз сари ў сояи боли Ҳумо,
Ҳаркӣ дар асри ту соҳибэътибор омад бурун.
Аз дари ў обрўи дину дунё ёфтам,
Шукр, к-ин мискин ба даври шаҳриёр омад бурун.
Он, ки андар остони олии ў бор ёфт,
Аз такаллуфҳои қайди рўзгор омад бурун.
Гашт то Касрат ғуломи даргаҳи султон Умар,
Дар миёни аҳли маънӣ номдор омад бурун.
Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 599.
Муаллиф: У. Камолов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.