Катибаҳои муъбади муъбадон Картир дар куҷоянд ва чӣ паёмҳо аз гузашта доранд?

КартирКатибаҳои Катир, сагнавиштаҳои марбут ба мӯбади мӯбадон Картир, ки дар “Нақши Рустам”, “Каъбаи Зардушт”, Нақши Раҷаб” ва “Сари Машҳад” (ҷануби Эрон) маҳфузанд.

Катибаи “Каъбаи Зардушт”-и Картир дар зери катибаи “Каъбаи Зардушт”-и Шопури 1 ҷо дода шудааст ва дар он Картир аз корҳои худ дар роҳи мустаҳкам намудани дину диёнат дар кишварҳои  Сосониён ҳикоят мекунад. Аз навиштаҳои ӯ бармеояд, ки аввал  ӯ мақоми баланди диние надоштааст, вале то солҳои 80 асри 3 умури дин дар давлат ба дасти ӯ гузаштааст. Дар давлати Сосониён, ба қавли Картир, пайравони динҳои дигар – монавиён, буддоиён, масеҳиён, яҳудиён буданд, ки бо талаби ӯ онҳо таъқиб ва ба ҷои маъбадхонаву буткадаҳо оташкадаҳо сохта мешудаанд.

КАРТИР КӢ БУД ВА ЧӢ ВА НАБИШТАҲОЕ ДОШТ?

Дар ду катибаи дигари марбут ба Картир (катибаҳои “Нақши Раҷаб” ва “Нақши Рустам”) дар баробари матн, ки Картир аз муборизаи худ дар роҳи дин сухан ронда, подшоҳон Ардашер ва Шопурро барои пайрави дин буданашон мадҳу ситоиш кардааст, тасвири худи Картир низ ҷой дода шудааст.

Як катибаи дигарро Э. Ҳерсфелд ба Картир мансуб медонад, ки дар “Сари Машҳад” (наздикии ҳозира ш. Козирун. Шаҳр дар вилояти Форси Эрон) соли 1926 кашф карда буд. Матни катибаи нохоност.

Катибаҳои Картир солҳои 30 асри 20 кашф шуда, ба табъ  расиданд. Аз чор катибаҳои Картир бармеояд, ки ӯ дар кори ба дини давлатӣ табдил додани зардуштия мақоми баланд дошт, ба густариши динҳои  дигар, масеҳиён монавия ва ҳар гуна бидъат роҳ намедод.

Бозчоп: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 626.

Таҳияи Олучамо Исмоилова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.