Катибаи Бобур. Ҳаккокии мисраҳои ҷовидонаи Шайх Саъдӣ дар санге бо дастони Заҳируддин Бобур

Катибаи Бобур сангнавиштаи султон Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар канори чашмае дар деҳаи Оббурдани ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ.

Дар сатҳи табиӣ сайқалёфтаи ин санг ва дар маҳдудаи муайян (20 см х 30 см) он шомили шаш байт аз “Бўстон”-и Саъдии Шерозӣ буда, бо хатти настаълиқ (ду мисраи мобайнӣ аз самти чап ва дигар мисраъҳо амудӣ омадаанд) ҳакк шудааст:

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,

Ба сарчашмае-бар ба санге  навишт:

“Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,

Бирафтанд чун чашм бар ҳам заданд.

Гирифтем олам ба мардию зўр

Валекин набурдем бо худ ба гўр”!

Дар гўшаи рости санг ба забони арабӣ чунин омада: “Ин навиштаи Бобур аст 917”. Дар зери  ин сатрҳо Бобур имзо гузоштааст. Таърихи ин катиба аз маълумоти дар “Бобурнома” дарҷшуда (асари ёддоштию таърихии Бобур) тафовут дорад. Сабаби ин фарқият ҳанўз равшан нашудааст, аммо ба гумони таърихшинос Аҳрор Мухторов, ҳатто ҳангоми таснифи “Бобурнома” содир шудааст. Чунки Бобур хотираҳои худро пас аз  мусофиратҳои чандсола аз Мовароуннаҳр дар Ҳиндустон навиштааст. Азбаски Бобур чандин бор ба музофотҳои Истаравшан (ба қавли худи ў- Ўротеппа), Кўҳистони  Мастчоҳ (ба қавли “Бобурнома” – Масчо) сафар карда буд, таърихи дақиқи ҳар як аз ин сафарҳоро дар хотир надоштааст ва воқеаи соли 917 ҳиҷрӣ (1511-02) ҳангоми дар Ўротеппа буданаш хабар расид, ки Шайбонихон шаҳри Хуҷандро ишғол карда, ният дорад, ки Ўротеппаро низ тасарруф кунад. Аз ҳамин сабаб Бобур ба қисми шимол фирор карда, ба Кўҳистони Мастчоҳ  меояд. Ба навиштаи “Бобурнома”, муаллиф дар Мастчоҳ ин одати куҳистониёнро мушоҳида кардааст, ки онҳо дар рўи сангҳо байтҳои ҷаззоб ва ё чизҳои дигареро кандакорӣ мекунанд. Сипас, дар пайравӣ аз ин суннати куҳистониён ў ҳам болои санги канори чашмаи Озухаки назди мазори деҳа се байти дар боло зикршудаи Саъдиро ба дасти худ ҳаккокӣ кардааст.

Катибаи Бобур ба мартабаи як асари бузурги таърихӣ аҳамият дорад. Нахуст, овардани  се байт аз “Бўстон” гувоҳ аз ҷойгоҳи баланду меҳварии забони фарҳангу адаби форсӣ дар Мовароуннаҳр то шибҳиқораи Ҳинди он даврон аст, ки аз ҷумла, донишу муҳаббати амиқу самимии Бобурро низ ба ин фарҳангу адаби ҷаҳоншумул, ба вижа ба осори Фирдавсию Саъдӣ нишон додааст. Бобур барои такмили донишу маърифати илмию адабии худ аз мероси классикони адабиёти форс-тоҷик ба таври фаровон баҳра бурдааст. Ин саркардаи муғултабор дорои рўҳияву маърифати тоҷикӣ будааст. Дуввум, рў овардани шоҳи темурӣ ба “Бўстон” ва нақл кардан аз гуфтори Ҷамшед бар сари ин чашма баёнгари рўҳияи парешону афсурдагии тахту тоҷаш дар Самарқанд маънидод шудааст.

Катибаи Бобур ҳамзамон санади муҳимест, ки аз тохтутозу кашмакашҳои туркони бодиянишин дар сарзамини тоҷикон хабар додааст. Ин ёдгорӣ ба он ваҷҳ осори нодиру гаронарзиши илмию адабист, ки то ҳол кўшиши зиёди шарқшиносони ҷаҳон барои ба даст овардани нусхаи мусаввадаи асарҳои Бобур натиҷае набахшидааст ва катибаи Бобур ягона хаттест, ки ба дасти худи Бобур Мирзо кандакорӣ шуда, дастраси олимону муҳаққиқон гардидааст.

Катибаи Бобурро як чўпони деҳаи Оббурдон аз сари чашма пайдо намуда, ба як нафар аҳли саводи деҳа – Гадомурод, ки устои хуби хонасоз ҳам будааст, додааст ва усто онро дар канори чашмаи Шорох гузоштааст. А. Мухторов зимни сафари корӣ ба Ҳиндустон маълумоте дар бораи “Бобурнома” дарёфт кардааст, ки Бобур бори нахуст риши худро дар чашмаи Озухаки деҳаи Оббурдони Масчо тарошида, дар рўи санги кулўлае шеъри Саъдиро ҳаккокӣ кардааст. Мухторов сипас ба деҳаи мазкур омада, ин ёдгориро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.

Катибаи мазкур соли 1953 аз тарафи муаррих А. Мухторов ба Душанбе оварда шуда, ҳоло дар Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.

Бозчоп аз: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2020, Душанбе. – Ҷ.9. – С.622-623.

Муаллиф:  Шакурзода А.

Таҳияи Муҳаббат Киром

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ