Кавкаб ва Кавкабиҳо дар адабиёти тоҷик
Дар адабиёти пурғановати форсу тоҷик бо номҳои Кавкабӣ ё Кавкааб зиёд қаламкашон вомехӯранд, ки дар асрҳои мухталиф, дар гуфтараи ҷуғрофии гуногун умр ба сар бурдаву эҷод кардаанд. Кавкабии Бухороӣ, Кавкабии Гурҷӣ-мусиқидон ва шоир, Кавкабии Шодонӣ аз ин ҷумлаанд.
Баъзеи дигарро мухтасар ёд мекунем:
КАВКАБ СИТОРАБОНУ, шоираи форс-тоҷик (асри 13). Духтари Саъдӣ. Бино бар маълумоти “Тазкирату-л-ҳаво-тин”-и Мир Маҳдии Шерозӣ ӯ зани босавод, шеърдӯст, ҳалиму мушфиқ буда, шеър ҳам мегуфтааст.
Байти зер аз ӯст:
Ишқбозон, рӯ ба сӯйи қиблаи он кӯ кунед,
Ҳар куҷо меҳроби абрӯяш намояд, хӯ кунед.
КАВКАБИИ МАРВАЗӢ
Кавкабии Марвазӣ шоири форс-тоҷики асри 11. Муҳаммад Авфӣ ӯро аз шоирони силки шуарои Оли Носир зикр намуда, шоире устод ва балеғ шумурдааст. Ба қавли соҳиби тазкираи “Рӯзи равшан”, аз суханварони хушфикр будааст. Намунаи ашъораш аксар қитаъот аст, ки хусусияти тавсифӣ доранд. Ташбеҳу тавсифҳояш дар заминаи воқеият эҷод шудаанд.
Сабки содаи Кавкабии Марвазӣ ба услуби шоирони асри 11 шабоҳат дорад ва шеъраш дилнишин буда, завқи бадеию зебоиписандиро бедор мекунад. Аз ашъори ӯ ду байт дар тазкираи “Маҷмаъу–л–фусаҳо” ва чистони “моҳӣ” дар тазкираи “Рӯзи равшан” дарҷ гардидаанд:
Нигоҳ кун ба гули сурхи ношукуфта тамом,
Ба гулбуне, ки суманро ҳаме намоз барад.
Ба сони ду лаби маъшуқ сурху кӯчаку танг,
Ки гоҳи бӯса ба ошиқ ҳаме фароз барад.
Чистони “моҳӣ”:
Чист он, к-ӯ ҳамеравад ба ниҳон
Хӯшаи симро бибаста миён,
То ниҳон аст, ҷони ӯ барҷой,
Чунки пайдо шавад, шавад беҷон?
КАВКАБӢ
Кавкабӣ шоири сӯфии форс-тоҷики асри 15. Аз осори ӯ панҷ маснавии ирфонӣ боқист, ки дар пайравии Низомӣ таълиф гардидаанд: 1) “Оина ва дил”. Аз ҷиҳати мавзуъ ва вазн тақлидест ба “Маҳзану–л-асрор”-и Низомӣ. Ин маснавӣ муҳокимаҳои тасаввуфӣ ва андешаҳои фалсафиро оид ба ҷаҳони фонӣ дар бар мегирад. Кавкабӣ барои тасдиқи фикру андешаҳояш ҳикоёту тамсилҳо овардааст.
2) “Феҳристи ҷаҳон”. Дар ин маснавӣ муаллиф аз офариниши олам, пайдоиши одам ва ишқи илоҳӣ сухан кардааст.
3) “Анвору-л-муҳаббат” достони ишқии тасаввуфист (баъзе ёдовариҳо аз ишқи “Лайлӣ ва Маҷнун” низ ҳаст);
4) “Абвобу-л-ҷаннат” – маснавиест дар бораи тасаввуф, чиҳил тариқат ва ҳашт шарти тай намудани онҳо;
5) “Тарозу-н-нубувват” аз ду қисм – “Дурру-л- баҳрайн” ва “Баҳру-л-дуррайн” иборат буда, дар пайравии “Искандарнома”-и Низомӣ эҷод шудааст. Дар қисми якум аз рисолати паёмбарон сухан меравад. Дар қисми дуввум зиндагиномаи паёмбар Муҳаммад (с) дарҷ гардидааст. Ҳарчанд Кавкабӣ дар таълифи достонҳояш ба Низомии Ганҷавӣ яксар пайравӣ накардааст, ба сабки эҷодии ў содиқ будааст.
Бозчоп: Энциклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 202-203, 204-205, 205.
Муаллифон: Назир У., Абдуллоев А., Алиев. Г. У.
Таҳияи: Гулсара Толибова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ