Киҳо метавонанд ба унвони фахрии “Корманди Шоистаи Тоҷикистон” сарафроз шаванд?

Корман-асоси«Корманди Шоистаи Тоҷикистон», унвони фахрӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 декабри соли 1996, №309 таъсис дода шудааст.

«Корманди Шоистаи Тоҷикистон» ба кормандони истеҳсолоти моддӣ ва соҳаҳои ҳуқуқ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, маориф, воситаҳои ахбори омма, хидмати давлатӣ, ки ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ ноил гардида, дар соҳаи худ 15 сол ва зиёда аз он фаъолият кардаанд ва чун қоида, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.                              Ба шаҳрвандоне, ки сазовори унвони фахрии «Корманди Шоистаи Тоҷикистон» гаштаанд, новобаста аз дигар иловапулиҳо, дар ҳаҷми 20% иловапулии ҳармоҳа ба нафақаашон пардохта мешавад. Ба шахсоне, ки сазовори унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ супорида мешавад. Нишони сарисинагӣ бо тасма дар тарафи рости сари сина овехта мешавад.                                                                                                Нишони сарисинагии «Корманди Шоистаи Тоҷикистон» аз томпаки нуқрагин сохта шуда, шакли мудаввар ва аз ҳар ду тараф зеҳи барҷаста дорад. Дар рўи нишон дар қисми боло тасвири барҷастаи тоҷ, ки дар болои он дар шакли нимдоира ҳафт ситораи панҷгўшаи барҷаста ҷойгир шудаанд, поёнтар аз он тасвири барҷастаи китоби кушода ва навдаи дарахти ғор сабт гардидааст.

Дар тарафи қафои нишон рақами он нақш шудааст. Андозаи нишон 28 мм. Тасмаи нишон, тасмаи парниёни хокистарранг буда, дар канорҳояш рахҳои рангҳои сурх, сафед ва сабз дорад. Паҳнии тасма 32 мм, паҳнии рахҳои ранга 1,5 мм аст.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 624.
Муаллиф: А. Холов.

Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.