Кисоии Марвазиро бишносем

Кисоии МарвазиКисоӣ Маҷдудини Абулҳасан, Кисоии Марвазӣ 19.3.953 дар Марв ба дунё омадааст. Ӯ шоир ва ҳаким форс-тоҷик (асри 10) буд. Кисоӣ худро марвӣ гуфтааст, вале Бохарзӣ ўро «насафии марвазиюласл» хондааст.

Шахси таҳсилкарда, огоҳ аз илмҳои маъруфи замон буд. Низомии Арўзии Самарқандӣ куняашро «Абулҳасан», Озари Бекдилӣ ва Содиқ Ҳидоят «Абуисҳоқ» зикр кардаанд. Дар замони зиндагияш чун шоири тавоно шуҳрат ёфт.

Кисоӣ бо шоирони ҳамасраш Имораи Марвазӣ, Асҷадии Марвазӣ ва Абуҳанифаи Искофии Марвазӣ робитаи дўстӣ доштааст. Зиндагӣ ва эҷоди Кисоӣ ба давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён ва Ғазнавиён рост меояд. Дар васфи Ғазнавиён, мадҳияву ғазал нагуфтааст, вале Султон Маҳмуди Ғазнавиро дар абёте мадҳ кардааст.

Дар даргоҳи Сомониён Кисоиро вазир–Утбӣ дастгирӣ мекард. Кисоӣ шоири соҳибдевон буд. Ҳоло аз Кисоӣ пораҳои шеър дар шакли қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа дастрасанд. Дар байте аз Рўдакӣ чунин ёд кардааст:

Зебо бувад ар Марв бинозад ба Кисоӣ,

Чунонки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

Аз шеъри Кисоӣ лаҳну садои Рўдакӣ ба гўш мерасад:

Ба вақти давлати Сомониёну Балъамиён,        

 Чунин набуд ҷаҳон, бо баҳову сомон буд.

Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик шоироне буданд, ки аз навиштаҳои ў истиқбол кардаанд, ки Носири Хусрав яке аз онҳост. Ба ҷуз баҳсу мунозараҳои фалсафӣ, дар баъзе қасидаҳо ин ду устоди сухан гоҳ-гоҳе бо забони шеър ба ҳамдигар арзи матлаб кардаанд.

Доманаи мавзуъҳои шеъри Кисоӣ фарох аст. Ў чун суханвари тавоно ва шоири дақиқназар бисёр масъалаҳои замонашро мавриди муҳокима ва таҳқиқ қарор додааст. Кисоӣ ба масъалаҳои фалсафӣ ва панду андарз, ҳикмат, зуҳд, кори нек, сўгнома («Сўгномаи Карбало» -и Кисоӣ нахустин сўгнома ба забони тоҷикист), ҳазлу танз ва ғайра таваҷҷуҳ кардааст. Дар ашъори ошиқонааш маъшуқа, зебоӣ ва дилрабоияшро бо ҳиссиёти латифӣ инсонӣ васф кардааст.

Моҷарои ишқу ошиқӣ дар шеъри Кисоӣ табиӣ ва ҳаётианд. Воситаҳои тасвир ва образҳои бадеии ў самимӣ буда, ба ҳаёти маънавӣ, завқу салиқаи мардум мувофиқанд:

Қомати чун сарви равонаш нигар,

Он лаби ширину забонаш нигар.

Кўшиши он чашми сиёҳаш бубин,

Хушии он тангдаҳонаш нигар.

Кисоиро аз суханварони барҷастаи сабки хуросонӣ эътироф кардаанд. Содагию равонии ашъор ва бадоҳату сароҳати маънову мазмунҳои шеърӣ аз вижагиҳои барҷастаи адабии асри XI мебошанд, ки дар шеъри Кисоӣ ба хубӣ ба назар мерасанд. Чунончи:

Нилуфари кабуд, нигаҳ кун, миёни об?

Чун теғи ободаву ёқути обдор.

Ҳамранги осмону ба кирдори осмон?

Зардӣ-ш дар миёна чу моҳи даҳу чаҳор.

Чун роҳибе, ки ду рухи ў солу моҳ зард?

В-аз митрафи кабуд ридо кардаву изор.

***

Гул неъматест ҳадя фиристода аз биҳишт,

Мардум каримтар шавад андар наими гул.

Ай гулфурўш, гул чӣ фурўшӣ ба ҷойи сим?

В-аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул?

Қасидаи «Ломиа»-и Кисоӣ, ки дар баёни ҳасби ҳол, шикоят аз ноҳинҷориҳо ва ранҷҳои айёмӣ пирӣ, вазъи номусоиди рўзгор, бесуботии умри ў буда, мавриди таваҷҷуҳи Фаррухии Систонӣ, Унсурии Балхӣ, Ғазоирии Розӣ, Қатрони Табрезӣ, Масъуди Саъди Салмон, Муиззӣ, Заҳири Форёбӣ, Анварӣ, Саъдӣ ва дигарон қарор гирифтааст:

Ба сесаду чиҳилу як расид навбати сол,                                                                Чаҳоршанбеву се рўз боқӣ аз шаввол,                                                              Биёмадам ба ҷаҳон то чӣ гўяму чӣ кунам,

Суруд гўяму шодӣ кунам ба неъмату мол

Дар охирҳои умр Кисоӣ аз мадҳиясароӣ ва ғазал гуфтани худ пушаймон шуда, ба зуҳду вараъ рўз гузаронидааст:

Ба мидҳат кардани махлуқ рўҳи хеш бишхудам,

Накўҳишро сазоворам, ки ҷуз махлуқ настудам!

Афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва мулоҳизаҳои ҳакимонаи ӯ дар эҷодиёти адибони ҳамаср ва баъдӣ нақш гузоштаанд.

Кисоӣ Маҷдудини Абулҳасан, Кисоии Марвазӣ дар Марв вафот кардааст.

 

Бозчоп: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 167.

Муаллиф: М. Диловаров.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ