Кист Искандари Исломиён?

Искандари ИсломиёнАдибоне, ки барои хурдсолон эҷод мекунанд, ангуштшуморанд, барои кўдакони 3-7 сола қариб касе чизе наменависад. Кўдакони мо барои қиссаҳои кўдакона сахт ниёз доранд.

Искандари Исломиён яке аз омўзгорони эҷодкор буда, барои таълиму тадриси кўдакону наврасон саъю талош меварзад. Дар баробари ин барои навиштани асарҳои бачагона шуғл варзида, бо ин роҳ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки кўдаконро ба тарбия фаро гирифта бошад. Китобҳои Искандари Исломиён «Вазифаи хонагӣ» (2013) муҳаррир Азизи Азиз, «Ҷазо» (2014) муҳаррир Маъруф Бобоҷон, «Ватан» (2016), муҳаррир Маъруф Бобоҷон, «Сайри боғ» (2014) Маъруф Бобоҷон, «Мурғи марҷон» муҳаррир Азизи Азиз, «Чормағзак» (2019) муқарриз Гулназар Келдӣ, повести (фантастикӣ) «Саёҳати Хуршеда» (2021) муҳаррир Азизи Азиз, повести (иттилоотӣ) «Дар вақти таътил» муҳаррир Азизи Азиз чоп гардида, барои кўдакони синни томактабӣ, хурди мактабӣ ва миёнаи мактабӣ пешбинӣ шудааст.

Асарҳои муаллиф хусусияти тарбиявӣ дошта бачагонро дар руҳияи дўст доштани Ватан, ҳурмати калонсолон, эҳтиром нисбати табиати зебои диёр, саъю кўшиш барои хондану дониш гирифтан тарбият менамояд. Аз нависандаи сермаҳсул навиштани повесту ҳикояҳои нав ба навро умедворем.

Азизи Азиз. Сарсухан ба китоби Искандари Исломиён “Ашки шодӣ”.
Инак порчае аз ин китоб дар таҳияи ҳамкорамон Зарина Зиёвуддинова.

Сурайё пагоҳии барвақт аз хоб бедор шуд. Аз асари кори дирўза дастонаш ҳоло ҳам дард мекарданд. Аз асари кори дирўза дастонаш ҳоло ҳам дард мекарданд. Аз паҳлў ба паҳлў гашта гашта хестаниаш намеомад. Хаёлаш то баромадани офтоб хоб равад, вале  наметавонист. Охир, боз дер монад, Салими қоқ аз кор меронад. Баъд ҳоли додараки майдаҳаки лоғари бемадораш чӣ мешавад. Як худаш бошад коре карда рўзашро мегузаронад.

Салими қоқ як марди бадқавоқи зардина аст. Устухонҳои рўяш барҷаста, мўйҳои сихак дорад. Вай корҳои хоҷагии амаки Аҳмадро иҷро мекунад.

Сурайё  панҷаҳояшро кушодаву пўшида каме машқ доду оҳиста аз ҷой хест, то додаракаш бедор нашавад.

Сурайё як духтараки 14-сола, кулчарўй, қошҳояш ғафси ҷудо-ҷудо, бинии кўтоҳи нўгаш кулўла, чашмонаш калон-калони сип-сиёҳ, пешонааш васеъ, мўйҳояш ғуллии сиёҳи дароз, дастонаш шахшўлу ангуштони ҳар ҷо – ҳар ҷо кафидагӣ дорад.

Рўйи ҳавлӣ баромад. Акнун равшанӣ рўйи ҳавлиро фаро мегирифт. Гўсфандони беқарор маос мезаданд. Гову гўсолаҳо худро ба дари оғил зада баромаданӣ мешуданд. Вай аввал панҷараи аз шохҳои бед сохтае, ки дар даромадгоҳи  гўсфандон рост карда монда буданд оҳиста ба як тараф кушод. Гўсфандони гурусна  ҳатто ба барраҳояшон нигоҳ накарда, зуд худро ба берун зада сўи саҳро равон шуданд. Духтарча аз пасашон то ҷойи ҷамъшавии рама рафта якто нони чўпонро доду баргашта омад. Вай аввал ду гови алои зотиро бароварда назди охурҳояшон басту баъд гўсолаҳояшонро наздашон баст. Сурайё соғўи говҷўширо оварда ҳарду говро ҷўшиду баъд гўсолаҳояшонро сар дод, то ки серӣ аз шири модарашон нўши ҷон кунанд. То макидани гўсолаҳо ў поруҳои гўсфандону говҳоро бароварда ба берун партофт. Ҳамаашро шўрида таппак кард. Аллакай хуршеди оламгир як қади найза баланд шуда буд. Дастонашро дар оби ҷўйборе, ки аз даруни ҳавлӣ мегузашт, шуста кунҷораҳое, ки дар тағораи калони сирдор тар карда буд, ба ду тақсим карду назди говҳо гузошт. Баъд навбастҳоро бароварду алаф дод. Ҳамин вақт додаракаш Хуршед чашмонашро молиш дода аз хона баромад.

Хуршед ин як писарбачаи 6 солаи лоғарандом, чашмонаш монанди чашмони апааш калон-калони сиёҳ, биниаш теғкашида, мўйҳояш ҷингила аст.

Сурайё додарчаашро ба хона дароварда дасту рўяшро шуста сари дастурхон шинониду чой овард. Аз сабадчаи овезон нону қаймоқ гирифта рўи дастурхон гузошт. Ҳарду наҳорӣ карданд. Баъд аз ин Сурайё сўи мактаб равон шуду, Хуршед назди ҷўраҳояш ба бозӣ шитофт. Сурайё баъди марги падару модараш, ҳар рўз пеш аз мактаб рафтанаш ва баъди аз мактаб  омаданаш ба корҳои хоҷагии амаки Аҳмад ёрӣ мерасонад. Барои ҳамин амаки Аҳмад саробони онҳост.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
м
утахассиси  шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва  наврасон.