Китоб ба забони ишкошимӣ дар Китобхонаи миллӣ. Афсонаи Щкощеми
Ин китоб як маҷмуаест, ки аз афсонаҳои ишкошимӣ ба забони ишкошимӣ гирдоварӣ ва чоп шуда. Шояд аввалин талошест, ки фолклори мардум ба забони асл барои хонандагон пешкаш мешавад. Мураттибон дар сарсухани китоб навиштаанд, ки аз ин ба баъд ин гуна китобҳо зиёд мунташир хоҳанд шуд. Хонандагони арҷманд метавонанд ба забони ишкошимӣ ин афсонаҳоро мутолиа намоянд. дар зер сарсухани мураттибонро нашр мекунем.
Бачагони азиз!
Китоб ҳамчун гавҳари қиматбаҳо ва сарчашмаи илму маърифат то ба имрўз расидааст. Мутолиаи китоб ақлу заковатро сайқал медиҳад, ҷаҳонбиниро васеъ мегардонанд ва танҳо тавассути китоб метавонед ба саволҳои худ ҷавоб пайдо кунед.
Беҳтарин амал ин хондани китоб ба забони модарӣ аст, зеро аз ҷазобати забоне ки аввалин ҳарфҳоро бо он шунидаед, меҳру назокати модариро эҳсос намудаед, баҳра мебаред. Забони ишкошимӣ сарвати бебаҳоест, ки аз як насл ба насли дигар гузаштааст. Он ба дараҷае пурқиммат аст, ки ба Китоби Сурх ворид шудааст, аз ин рў, ҳифзу нигоҳдорӣ ва рушду нумуи ин забон муқаддастарин вазифаи мову шумост. Дар ҳар кунҷу каноре бошад, забони модарии худро фаромўш насозед, бо он ҳарф занед ва бигузор ҳарф задану хондан ба ин забон боиси ифтихори шумо бошад.
Китобе, ки дар даст доред, нахустин афсонаҳо ба забони ишкошимӣ аст. Бо хондани он ба дунёи сеҳромези афсонаҳо ворид мешавад. Қаҳрамонони асосии афсонаҳо мушу мурғобии танбал, хари найрангбоз, бузи маккор, рубоҳи ҳилагар, хурўси меҳнатдўст, духтари доно, подшоҳи хирадманд, вазири оқилу марди савобҷў аз зебоиву зиштӣ, некиву бадӣ, меҳнатдӯстиву танбалӣ, далерию тарсуӣ ва фиребу найранг ҳикоят мекунад.
Китобро хонед, тоза нигоҳ доред, зеро дар таҳияву омодагии он меҳнати зиёд сарф шудааст. Ба қадри китоб ва меҳнати дигарон расед. Орзуи онро дорем ки дар паи афсонаҳо китобҳои дигар низ ба забони ишкошимӣ ба дастатон хоҳанд расид, то тавонед аз ганҷинаи нодири эҷодиёти шафоҳӣ баҳрабардор бошед ва ҳамчун инсонҳои боилму фарҳанг, огоҳ аз забону сарвати маънавии ҳамзабони худ ба воя расед.
Бо беҳтарин таманниёти нек
Ширинбеков Бадалбек
Латифов Собир
Таҳияи Шарифӣ Саидғуфрон,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон