Китоб ва китобхонӣ дар суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонон

Як бахши муҳими суханронии Пешвои миллат дар мулоқоташон бо ҷавонон, ки чанд лаҳза пештар ба анҷом расид, дар бораи китобу китобхонӣ ва саҳми ҷавонон дар рушди илму маърифат буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла гуфтанд:

 Вобаста ба ин, се соли охир ба мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст.

Дар баробари озмуни мазкур, инчунин, соли сеюм аст, ки озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷараён дошта, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон нақши муассир гузошта истодааст. Озмуни мазкур саривақтӣ будани ташаббуси Ҳукумати мамлакатро собит намуд ва нишон дод, ки наврасону ҷавонони мо ба китобхонӣ ва эҷод намудан қобилияту истеъдод ва шавқу завқи зиёд доранд.

Фақат зарур аст, ки онҳо дастгирӣ ёбанд ва неруи ин табақаи фаъол ба самти созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ карда шавад. Мо, ҳамчунин, бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки имрӯз дар кишварамон олимону донишмандони содиқ ба илм зиёданд ва ҷавонони боистеъдод бо пайравӣ аз онҳо ба роҳи илму ҳунар бо ҷасорати хосса ворид мегарданд.

Мо аз онҳо дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тозаро интизорем, зеро ҷавонони тоҷик ворисони мероси бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгони некноме мебошанд, ки назираш дар ҷаҳон кам аст.

Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд…

Матни комили  ин суханрониро аз ин ҷо бихонед: Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар

http://www.president.tj/node/25799#devashtich