Китобе аз масоили ҳастишиносӣ дар фалсафаи машшоияи шарқӣ
Муаллиф Каримов А.А. китоби худро «Масоили ҳастишиносӣ дар фалсафаи машшоияи шарқӣ ва таълимоти тасаввуфии тоҷику форс дар асрҳои X-XII (таҳлили муқоисавӣ)» номидааст ва дар он масъалаҳои асосии онтология дар таълимоти равияҳои фалсафии машоия ва тасаввуфи асрҳои Х-ХІ, таносуби категорияҳои «ҳастӣ» ва «нестӣ», «моҳият,» «ирфони назарӣ ва амалӣ», «сайру сулук», «мақому ҳол», «инсони комил» ва ғайра ба таври мукаммал таҳқиқ гардида, хусусияти таълимоти фалсафии машшоия ва тасаввуф ошкор шудаанд.
Дар фалсафаи асримиёнагӣ, масъалаи таносуби Худо, олам ва инсон мавқеи ниҳоят муҳимро ишғол менамуд. Аз ин хотир, бархе аз андешаҳои илмии файласуф, энсиклопедист ва табиатшиноси бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки намояндаи барҷастаи ҷараёни машшоия буд ва таълимоти намояндаи равияи тасаввуф – Мустамлии Бухорӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.
Монография метавонад барои таҳия ва амиқ гардонидани мавзуъҳои муайяни курсҳои таълимии донишгоҳҳо, доир ба фалсафа, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ ва инчунин такмили ихтисоси мутахассисоне, ки ҷанбаҳои гуногуни мушкилоти ирфонӣ ва иртиҷоини маърифатро меомӯзанд, истифода шавад.
Профессор Кароматулло Олимов дар сарсуханаш ба китоб бо номи “Кашфиёти тоза дар фалсафа” навиштааст: Рисолаи таҳқиқотии Каримов А. А, ба яке аз мавзуъҳои муҳимми таърихи фалсафаи Тоҷик бахшида шудааст. Таҳқиқи ин мавзуъ на танҳо таърихи фалсафаи тоҷикро, балки таърихи фалсафаи асрҳои миёнаи исломиро низ равшан менамояд, зеро фалсафаи асрҳои миёна, махсусан мактабҳои машшоъ ва тасаввуф аз доираи таърихи афкори иҷтимоии тоҷикон хеле васеътар нуфуз кардааст. Муқоисаи фалсафаи машшоъ ва тасаввуф хеле душвор аст, зеро дар давраи асрҳои Х-ХII ҳам масъалаҳои ҳастишиносӣ, маърифат, космология, нуҷум, ҷомеашиносӣ, ахлоқ, зебоишиносӣ ва илоҳиётро дар бар гирифтааст. Бинобар ин, як ҷиҳати муҳимми таълимоти ин ду мактабро гирифта, ба таври муқоисавӣ таҳқиқ кардани диссертант имкон додааст, ки ў проблемаи дар назди худ гузоштаро ба таври муфассал баррасӣ ва ба натиҷаҳои дуруст биёяд.
Пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки таҳқиқоти Каримов А. А. аз ҷиҳати манбаъшиносӣ ҷолиби диққат аст. Ӯ асарҳои намояндагони бузурги ин ду мактаб, махсусан осори Абӯалӣ ибни Сино ва Калободию Мустамлиро хеле муфассал омӯхта, таҳқиқ кардааст.
Ҷиҳати дигари рисола ин аст, ки дар он асарҳои муҳаққиқони ғарбию шарқӣ, шӯравию тоҷик таълиф ё тарҷума шудаанд, мавриди таҳлили ҷиддӣ ва интиқодӣ қарор гирифтаанд.
Каримов А. А. ҳадафи таҳқиқоти худро равшан муайян кардааст, ки ба масъалаҳои бамиёнгузоштаи мутафаккирони ин давра “моҳиятан аз ҷиҳати фарогирии мавзуъ характери умумибашарӣ доранд” (Саҳ.20)
Аз навгониҳои қобили таваҷҷуҳи рисолаи Каримов А. А. ин аст, ки таъсири мутақобилаи машшоия ва тасаввуф ба ҳамдигар дар масъалаи ҳастишиносӣ ба таври махсус таҳқиқ нашуда буд ва асари муҳаққиқ дар ин мавзуъ аввалин таҳқиқ мебошад. Вобаста ба ин мазмуну муҳтаво ва монандию тафовутҳои мақулаҳои ҳастӣ, нестӣ, моҳият, сайру сулук дақиқан нишон дода шудаанд. Муаллифи рисола ҳамчунин ба таври боварибахш алоқамандии фалсафаи машшоия ва тасаввуф ва таъсири мантиқи аввалиро ба дуввум таҳқиқ карда, хусусиятҳои ин таъсирпазириро муайян намудааст. Ғайр аз ин, таҳқиқоти Каримов А. А. арзиши амалӣ низ дорад, зеро дар шароити имрӯза, ки баъзе равияҳои ифротӣ моҳияти мероси фалсафӣ ва ирфониро таҳриф менамоянд, андешаҳои озодфикронаи аҳли машшоъ ва тасаввуф барои ташаккули шуури дурусти таърихӣ ва аз тавзеҳоти динию хурофотии масъалаҳои фалсафӣ ва ирфонӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки рисолаи Каримов А. А. асари мустақили таҳқиқоти фалсафӣ буда, дар он масъалаҳои дар назди худ гузоштаи муаллиф ҳалли худро ёфтаанд.
Хонандагон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Фарзона Шарифова