Китобе аз нақши арзишҳои маънавӣ дар фазои дигаргуниҳои фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон
Дар ин монография масоили марбут ба хусусиятҳои бунёдии ташакккули ҳаёти маънавии ҷомаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Дар сарсухани китоб муаллифи он Суҳроб Зокиров навиштааст, ки вазъи иҷтимоӣ-фарҳангии замони муосир дар худ масъала ва равандҳои гуногунро касб намудааст, ки онҳо аз буҳронҳои гуногун, афзоиши падидаҳои номатлуби тундгароиву ифторгароӣ, рақобатҳои фарҳангӣ ва ғайра иборат мебошанд.
Дар ин замина ҳаёти ҷамъиятии замони имрӯза хеле пуртазод ва мураккаб буда, аксар маврид ҳодисаҳои дар он баамаломада хусусияти ғариинтизорӣ ва аҳёнан пешгӯинашавандаро доранд. Бинобар ин, шуури ҷамъиятӣ аз ҷумла сатҳи психологияи ҷамъиятии он қобилияти ин дигаргуниҳоро на ҳамеша имконияти саривақт пайгирӣ кардан дошта, аксар маврид барои худ пайравӣ аз стратегияи мутобиқшавиро ба ин тағйиротҳо афзалият медиҳад. Вале, новобаста аз ин ҷараёнҳо қабати фаъоли шуури ҷамъиятӣ ба равандҳои иҷтимоӣ фурсати амиқ фурӯ рафтанро аз даст намедиҳад ва бо татбиқи ҷустуҷӯҳои арзишию фарҳангӣ маънии муҳтавои онҳоро барои дарки аъзои ҷомеа наздиктар месозад. Ҳамин тавр, муҳити ҳаёти ҷамъиятӣ то дараҷаи муайян барои шуури инсон тасаввурпазир ва ин фзоро баҳри ташкили зисту фаъолияти гуногунҷанбаи аъзои ҷомеа имконпазир мегардонад.
Китоби Сӯҳроб Зокиров “Нақши арзишҳои маънавӣ дар фазои дигаргуниҳои фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд