Китобе аз нақши Орифшо Орифов дар ташаккули санъати эстрадаи тоҷик
Китоби “Орифшо Орифов – ташаккул ва рушди санъати мусиқии эстрадаи тоҷик” як асари дастаҷамъии пажуҳишӣ буда, ба ифтихори 86-умин солрўзи симои баноми мусиқӣ, Артисти халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ, Комсомоли РСС Тоҷикистон, аз поягузорони санъати мусиқии касбии эстрадии тоҷик Орифшо Орифов (1937 – 2002) ва фаъолияти Оркестри эстрадии «Гулшан» бахшида шудааст.
Дар навиштаҳои таҳқиқотии мазкур масоили мубрами таърихию назарии ташаккулу рушди санъати мусиқии касбии эстрадӣ, ҷараёни эҷоду иҷро, рўи саҳна омадани симоҳои эҷодию иҷроӣ, суруду оҳангҳои эстрадӣ, тарбияи сарояндагони ҳирфаӣ, фазои эҷодию иҷроӣ, камолоти ҳунари иҷроӣ, бунёди дастаҳои эстрадӣ, коргузорию идории муназзаму касбӣ дар ин жанри мусиқӣ, нақш ва ҷойгоҳи устоди ин анвои мусиқӣ Орифшо Орифов дар ташаккулу пешрафти санъати эҷодию иҷроии касбии эстрадии тоҷик ва амсоли он ба риштаи таҳқиқ омадаанд.
Орифшо Орифов бидуни шак яке аз симоҳои тобноки олами эстрада дар Тоҷикистон буд ва дар рушду такомули санъати эстрада ва бахусус шуҳрати фарогири дастаи ҳунарии “Гулшан” саҳми боарзиш дорад.
Китоби “Орифшо Орифов – ташаккул ва рушди санъати мусиқии эстрадаи тоҷик” соли 2003 чоп шудааст.
Ҷӯрабек Муродов, Мамадшо Илолов, Насрулло Убайдулло, Мӯсозода Амирбек, Иброҳим Усмонов, Саъдулло Раҳимов, Наима Қаҳҳорова, Назархудо Дастамбуев, Қудратулло яҳёзода, Тилло Некқадам барин донишмандону аҳли ҳунар ҳайати таҳририяи ин китобанд.
Китобро метавонед дар толори хониши шуъбаи Адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолиа намоед.
Адибаи Фахриддин, мутахассиси шуъба