Китобе аз равобити  дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ҳиндустон

Ин китоб бо номи “Равобити дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон” соли 2019 бо мадади Сафорати Ҳинд дар Тоҷикистон зери таҳрири доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов нашр шудааст. Муаллиф Турсунов Т.Х.

Дар монографияи мазкур робитаҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар давоми  25 сол  (1992-2017) қаламдод шудааст. Дар монография сафарҳои расмӣ ва давлатии мутақобилаи ходимони давлатӣ, баромаду вохўриҳои сарони кишварҳо, ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ,  мубодилаи мол, ҳамкориҳо  дар самти энергетика ва тандурустӣ дар асоси маводҳои  бойгониҳои ҷории  вазорату идораҳо ва агентиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишон дода шуда, созишномаҳои тарафайни ҳамкорӣ дар самтҳои номбаршуда ба таври зарурӣ таҳлил карда шудааст.

Китоби “Равобити дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон”-ро ҳоло шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

Исроил Иброҳимов.