Китобе бо соядасти манзуми муаллиф. Баҳром Мирсаид: “Сафинаи Баҳром”

Сафинаи-БаҳромКитоби “Сафинаи Баҳром”-и Баҳром Мирсаид (Баҳром Мирсаидов) соли 2022 дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд чоп шуда ва ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст.

«Сафинаи Баҳром» маҷмўаи нахустини ашъори шоиру муҳаққиқ, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Мирсаид буда, шомилм шеъру ғазалҳо, рубоиву дубайтиҳо, муфрадот ва дигар анвои назми ғиноист.

Китоб баёнгари тафаккури бадеии суханвар ва бозёфтҳои шоиронаи ў ба шумор рафта, муаллиф тавассути ашъори дилангези худ меҳру ихлоси саршорашро ба Ватан, Модар, дўстию рафоқат, ишқу садоқат, покиву ростӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ҳофизаи таърихӣ ва дигар паҳлўҳои ҷаҳони маънавии башарият ифода намудааст.

Китоб бо ин соядасти манзум оғоз мешавад:

ПЕШГУФТОРУ СОЯДАСТЕ БА ХОНАНДАИ КИТОБАМ

Бар суҳбати ту баҳона дорам, ай дўст!

Сад дафтари пуртарона дорам, ай дўст!

Аз боргаҳи шеъри Аҷам, мепурсӣ?

Ман рухсати ҷовидона дорам, ай дўст!

Дар равзаи ботаровати Мавлоно

Як нахли пур аз ҷавона дорам, ай дўст!

З-он дам, ки ба дарёи сухан афтодам,

Не соҳилу не карона дорам, ай дўст!

Аз пасту баландии ҷаҳон бокам нест,

Не ҳасрати ин замона дорам, ай дўст!

Шогирди дабистони муҳаббат ҳастам,

Ному фари ошиқона дорам, ай дўст!

Дар авҷи фалак ситораам тобон аст,

То Ҳақ расану расона дорам, ай дўст!

Дар ҳар варақи китоби пур аз розам,

Бас ҳарфи ҳақу фасона дорам, ай дўст!

Чун шеъру чакомаи маро мехонӣ,

Аз ҳастии худ нишона дорам, ай дўст!

Китоби мазкурро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд
.