Китобе дар бораи ҳосила ва роҳҳои татбиқи он
Муаллифи китоб С.Муҳсинова асари худро “Ҳосила ва татбиқи он” ном гузошта, чун дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ пешниҳод намудааст.
Дастури таълимии мазкур дар асоси барномаи таълимӣ мураттаб шудааст. Аз ин китобча омўзгорон ва донишҷўёни факултаҳои иқтисодӣ ва табии мактабҳои олӣ истифода бурда метавонанд.
Дар пешгуфтор гуфта шудааст, ки дастури таълимии пешниҳодшуда ба ҳосила ва татбиқи он бахшида шуда, дар асоси барномаи таълимӣ мураттаб гардидааст.
Ҳосилаи функсия дар раванди омўзиши математикаи олӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Барои азхуд намудани усулҳои пешқадами математикаи муосир ва татбиқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои гуногуни амалӣ донишҷўён бояд, пеш аз ҳама, мавзуи ҳосилаи функсияро хуб азхуд намоянд.
Дастури мазкур аз 6 мавзуъ ва ҳар як мавзуъ дар навбати худ аз се қисм, яъне аз қисми назариявӣ, қисми амалӣ ва кори мустақилона иборат буда, ба ҳосила ва татбиқи он бахшида шудааст. Дар мавзуи якум маълумотҳо оид ба функсия овардашуда, якчанд мисолҳои такягоҳӣ ҳал карда шудаанд. Дар мавзуи дуюм маълумотҳо оид ба ҳудуди функсия, хосиятҳои ҳудудҳо, ҳудудҳои шоёни диққат, бузургиҳои беохир калон ва хурд оварда шуда, як силсила ҳудудҳои ҷолиб ҳал карда шудаанд. Дар мавзуи сеюм маълумотҳои зарурӣ оид ба ҳосилаи функсия, маънои геометрӣ, механикӣ ва иқтисодии он ва қоидаҳои асосии дифференсиронӣ ва ҳалли якчанд мисолҳои намунавӣ оварда шудаанд. Дар мавзуи чорум оид ба ҳосилаҳои тартиби олӣ, ҳосилаи функсияи ноошкор ва қоидаи Лопитал маълумотҳои зарурӣ оварда шуда, як силсила мисолҳои муҳим ҳал карда шудаанд. Дар мавзуи панҷум маълумотҳои асосӣ оид ба фосилаҳои монотонӣ ва экстремуми функсия оварда шуда, якчанд мисолҳои ҷолиб ҳал шудааст. Мавзуи шашум ба татбиқи ҳосила, ба монанди муайян намудани фурўхамидагӣ ва барҷастагии функсия, асимптотаҳои графики функсия ва сохтани графики функсия бахшида шуда, як силсила мисолҳои ҷолиби диққат ҳал карда шудаанд.
Дастур бо мақсади кумаки амалӣ расонидан ба омўзгорон ва донишҷўёни ихтисосҳои иқтисодӣ ва табиии мактабҳои олӣ омода шудааст.
Китоби “Ҳосила ва татбиқи он”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Гулчеҳра Махсудова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ.