Китобе дар масоили сохтор ва низоми мудирияти давлатии Аморати Бухоро
Муаллифи китоби “Миршаб”, ки соли 2021 чоп шудааст, Абдулҳаким Розиқзода буда, дар он масъалаҳои сохтор ва низоми идоракунии давлатии Аморати Бухоро, ниҳоду мансабҳои ба таъмин ва ҳифзи назму тартиботи дохилӣ машғулбуда, мафҳуму вожаҳои марбути соҳа баррасӣ гардида, дар бораи ҷинояткорӣ, вазъи зиндонҳо, шаклу намудҳои муҷозоти гунаҳгорон, ришвахӯрии амалдорони давр ва ғайра маълумоти фаровону ҷолиб гирд оварда шуда, ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Дар баробари ин, бо истифода аз маъхазу сарчашмаҳо ва адабиёти сершумор баъзе паҳлўҳои мавзўи матраҳ дар кишварҳои Эрону Афғонистон мавриди таҳлилу омўзиш қарор гирифта, бо Аморати Бухоро муқоиса шудааст, ки бешубҳа қимати илмии асарро афзун намудааст. Мутолиаи асар барои донишҷўёну магистрантҳо, аспирантони риштаҳои ҳуқуқ, таърих, адабиёт, фарҳанг ва кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин доираи васеи хонандагон муфид мебошад.
Чуноне дар муқаддима мехонем, осору рўзгори пурфоҷеаи ситораи дурахшони фарҳангу маданияти халқи тоҷик (ва на танҳо халқи точик) дар охири асри XIX ва нимаи дуюми асри XX Садриддин Айнӣ воқеан ҳам, ифодагари зиндагии талху пуршўри халқҳои Осиёи Миёна дар ҳамин давра мебошад. Ва чуноне, ки худи ў мегўяд «….ман пурдидаам, хусусан аҳволи замони амириро хеле хуб медонам». Воқеан ҳам, нависандаи ҳақиқатнигору нуқтасанҷ дар як қатор асарҳои илмию публитсистӣ ва бадеии худ ба монанди «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби Бухоро», асарҳои бадеии «Ёдоштҳо», «Ҷаллодони Бухоро», « Ғуломон», «Дохунда», «Одина», «Марги судхўр» ва ғайра тамоми паҳлуҳои зиндагии амирон, мансабдорону амалдорон, беадолатию берахмии онҳоро нисбат ба раият, ки ба чашми сар дидаасту воқеъбинона инъикос намудааст ва ҳамаи онҳо бо дигар санаду бурҳонҳо исботи ҳаматарафаи худро ёфтаанд. Мавриди зикр аст, ки худи ин орифи бузург аз дасти беадолатии зимомдорони давр, амалдорони аблаҳу бесавод, бераҳму порахўр борҳо азият кашидаву хориву амалҳо дидааст. Аз ин ҷост, ки нависандаи ҳақиқатнигор дар тамоми асарҳояш парда аз рўйи мусулмонии ин ҳомиёни дину шариат ва «раиятпарвар» бардошта, симои ҳақиқии онҳоро ба хонанда ошкор сохта, бо забони тунду талх онҳоро мазамат карда, нафрин хондааст.
Хоҳишмандон китоби “Миршаб”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.