Китобхонаҳо дар даврони навин. Пешрафти китобхона  дар асрҳои  XVII  ва  XVIII

Асри ҷадид, расман аз қарни XVII оғоз мешавад ва дар тӯли он пиндори “Китобшиносии ҷаҳонӣ” нахустин бор баён мегардад. Ҳангоме, ки Канрод  Геснер – падари китобшиноси навин, Габриэл Нодэ – китобдори машҳур, Ҷон Дюри – пешгоми ҳирфаи китобдорӣ ва Готфрид Вилгелм Лейбнитс донишманд, муаррих ва китобдори тавоно, пиндори “Китобшиносии ҷаҳонӣ” – ро таблиғ мекарданд ва аз сиёсатҳои озодманишонатари фароҳамоварии китоб дар китобхонаҳо ҳимоят менамуданд, ниқоби сонсур (цензура)  осори илҳодӣ, ки маҳфуми қонунӣ ва асримиёнагӣ дар боби он чи бояд бихонанд буд, ҳанӯз ҳам бар чеҳраи Урупо сангинӣ мекард.

Бардошт аз дониш ба сӯйи навгироӣ дидгоҳро пазируфт. Ба эътиқоди ин афрод матолиб ва муҳтавои маводи маҷмӯаҳои китобхонаҳо набояд беш аз ҳадд гузиниш бошад ва китобхона ормони боарзиши саргармкунандагӣ ҳам хоҳад дошт. Ҳамчунин ин пиндорро густариш доданд, ки китобхона бояд ба рӯйи умум боз бошад ва шеваи гузаштаро, ки китобхона танҳо мавриди баҳрабардории миқдори маҳдуд қарор мегирифт, напазируфтанд.  Аз он ҷо, ки домани ҷустуҷӯ ва таҳқиқ дар заминаҳои умдаи инсонӣ дар ин замон густариш ёфт. Ин давраро хирадгароӣ ва рӯшангарӣ номидаанд. Дар тамоми заминаҳои фаъолияти инсонӣ ва бавижа симои инсонӣ, ҳукумат, умури иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳунарҳо, адабиёт ва улуми таҷрибӣ, ҳузури зеҳни ҷустуҷугар намоён буд. Ба унвони рӯхдодҳои барҷастаи рӯйдодномаи тавлиди маводи хонданӣ дар қарни XVII бо нахустин интишори матбуоти даврӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар охирҳои қарни XVII рӯзномаҳо пайдо шуданд ва нахустин доиратулмаорифи навин дар солҳои 1630 дар Шветсария интишор ёфт. Чунин омили густурдае  табъан бар китобхонаҳо ва дар натиҷа ба китобдорӣ асар гузоштанд. Ба унвони ироадиҳандагони машҳури ормони китобшинохтии навин, саҳми афроде назири Ноде, Дюри ва Лейбинтс қобили зикр аст.

Габриэл Нодэ

Габриэл Нодэ  (1600 – 1653) китобшинос, адиб, прфессори тиб ба унвони пизишки дарбори Людовики XVIII хадмат мекард ва як китобдори машҳуре буд.

Дар соли 1627 ба интишори “Назарҳо дар боби танзими як китобхона “, ки қадимтарин аз китобҳои китобдорӣ (чопӣ) аст, даст зад. Нодэ аз гирдварии анвои китобҳои куҳнаву нав, аз нависандагони машҳуру гумном ҳимоят мекард.

Ҳатто муътақид буд осори нависандагоне, ки муртад ҳисоб мешуданд, низ бояд дар китобхона вуҷуд дошта бошад. Кӯмакфиркӣ ва пиндорҳои вай дар боби созмондиҳӣ ва мудирияти китобхонаҳо ба пешрафт ва рушди маҷмӯаҳои китобхонаҳо анҷомид ва аз он замон ба баъд ин маҷмӯаҳо ба даҳҳо ҳазор ҷилд болиғ гардид. Ӯ дар тасмими аввалияи китобхонаи Бодлиён мабнӣ бар афзудани нусхаи маҷҷонӣ ширкат кард. Боз ҳам Ноде буд, ки ба густариши ҷомеаи хонанда алоқа нишон медод. Андешаи мутараққии восупории китобҳо барои истифода дар хориҷ аз ҳавзаи китобхонаро низ ба ӯ нисбат медиҳанд. Ӯ пешниҳод кард, ки китобҳо бояд ба “ашхоси мутахассиси комилан машҳур” амонат дода шаванд. Ин нигариш ба рӯшанӣ аз амали роиҷи тамоми китобхонаҳои он замон, ки китобҳо бояд дар чаҳордевори китобхона мавриди мутолиа қарор мегирифтанд, дур буд.

Зеҳни вай доим даргири масоили ҷории китобхона ва чигунагии таҳияи китобҳои бештар барои муроҷиаткунанда буд ва дар ин маврид пешниҳод кард, ки кори феълии хариди китобҳои дорои саҳҳофии гарон бояд боздошта шавад, то пуле барои фароҳамоварии китобҳо бештар захира гардад. Ҳамчунин ба таҳияи феҳристи китобхона ва танзими мантиқии китобҳо бар рафҳо ҳам алоқа дошт. Бар касоне, ки моил ба хидмат дар китобхона буданд, низ ҳарфҳое барои гуфтан дошт. Дар асре , ки аз тарбияи ҳирфаӣ хабаре набуд, ӯ китобдорони моландешро ба барқарории робита бо соири китобдорон ва машварат бо онон, мутолиаи густурда, хондани ҳар “навиштаи ҳарчанд камаҳамият” супориш медод ва барои пешрафт ва беҳбуди  дониши китобшиносиашон аз онҳо мехост феҳристи соири китобхонаҳоро бо диққат мутолиа кунанд.

Ба ин тартиб асли маҳфуми китобдор ба унвони мутахассис дар таҳияи иттилооти китобшиносӣ ва муассир дар созмони муносиби муҳтавои дониш, маводи китобхона барои осон кардани хадамоти кофӣ ба муштоқон, ёдгирӣ ва донишпажӯҳонро шояд битавон ба Габриэл Нодэ нисбат дод. Барои китобдорӣ аз қарни  XVII ин ҳама пешнигарӣ ва расонидани китобхона ва китобдорӣ ба нуктаи таҳвилӣ дар масири таърихи деринааш воқеан кори ягона буд.

Аз китоби  С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.

Таҳияи Барно Самиева

 

Теги: Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ