Китобхонаҳои аҳди қадим. Китобхонаҳои Юнон ва Руми бостон

Яке аз хусусиятҳои давраҳои фарҳангии Юнон шакли рушди фаъолияти адабии он буда, к ибо унвони асри классик ё асри тиллоии тамаддуни юнонӣ ишора мешавад. Осори адабии Софокл, Ахилеус, Еврипид, Пиндор, Аристофан, таърихи Тусидид ва Херодот ба ин давра тааллуқ доранд. Пас аз ин дар ҳудуди қарни нуҳум ва ҳаштуми пеш аз мелод ашъори ҳамосии Ҳомер ва Ҳесиод зиндагии юнониёни бостонро тасвир намуданд. Ҳамчунин метавон дар осори Евклид ва Архимед таъкиди навишти бардошти илмро мушоҳида кард.

      Аз давраи 1200-солаи тамаддуни юнонӣ, намунаҳои воқеӣ аз китобҳои 600-солаи нахустини он метавон пазируфт, ки бо ҳимояти салотини юнонӣ китобҳои зиёде таҳия мешуд, то ниёзи гуфтариши омўзиширо барорад. Дар давраи нахуст китобҳо ба афроди табақоти боло супурда мешуданд ва гумонҳое аз андозаи китобхонаҳо, ки ғолибан вобаста ба маъбад ва қасрҳо буданд, дар даст аст.

      Дар Юнони Бостон барои нигориш аз барг ва пўсти дарахт истифода мешуд. Аз қарнҳои шашуми пеш аз мелод папирус ҳумчун моддаи навиштанӣ машҳур буд. Дар Юнон аз пўсти гўсола ва оҳу низ баҳра мебурданд. Шакли маъмули китобҳои юнонӣ тумор буд ва аз лавҳи мумӣ барои паёмҳо ва ёддоштҳо истифода мешуд. Китобҳо мавзўъҳои гуногуни назири адабиёт, фалсафа, таърих, мазҳаб, сиёсат, риёзиёт ва ғайра доштанд. Гумон меравад, ки китобхонаҳои шахсӣ дар қарнҳои панҷуми пеш аз мелод вуҷуд доштаанд. Дар ин бора китобхонаҳои Еврипид, Арасту ва Афлотун, ки дар мадорики фалсафии худ барпо менамуданд, шоёни зикр аст.

      Китобхонаҳои шахсӣ, давлатӣ ва салтанатӣ ҳам вуҷуд дошт. Пешрафти ростини китобхонаҳои Юнон дар даҳаҳое оғоз шуд, ки фаъолиятҳои ду навъи андеша – Арасту ва Афлотун нишони хосаи он аст. Кори фикрӣ ва фарҳангии ин афрод барои рушди китобхонаҳо қобили таваҷҷуҳ аст. Мегўянд, ки Арасту ба таври муназзам нусхаҳои хаттӣ ҷамъоварӣ мекард. Шогирдаш Искандари Кабир доманаи фарҳанги юнониро, ки тамаддуни ҷаҳонӣ гашт, густариш дод. Пас аз марги Искандар бар мабнои намунаи афинӣ осорхонае эҷод гардид ва донишварони барҷастаеро ба он ҷо кашонд ва Искандария ба оромӣ даромад. Китобхона фарҳангистони Афина ба шеваи як китобхонаи донишгоҳи навин сохта шуд. Дар канори донишварон, афроди бумӣ ва касоне, ки аз хориҷ омада буданд, халқаи бузурге аз афроди таълимдида ба таври ҳамагонӣ аз китобхона баҳра мебурданд. Ҳамин тавр бори нахуст китобхона аз вижагии ростини ҳамагонӣ будан, барои истифода аз саргармии ҳама бархӯрдор гардид.

      Ба ҳар ҳол наметавон мизони маҷмўи онҳоро тахмин кард, аммо бояд пазируф, ки дар он ҷо ба ҳадди кофӣ барои истифодаи хонандагони зиёде китоб вуҷуд дошт ва китобҳои шомили тамоми мавзўъоти шинохташудаи фарзонагони он замон, ғанои фарҳангии бошукўҳро муяссар сохт.

КИТОБХОНАҲОИ РУМ

      Таҳқиқоти охир нишон медиҳад, ки фарҳанги импературии Рум асосан идома ва инкишофи пешрафти фарҳанги Юнон буд. Рум алифбои юнониҳоро мавриди мутолиа қарор медоданд. Ҳатто писаронашонро барои таҳсил ва омўхтани забони юнонӣ ба Афина мефиристоданд. Дар воқеъ, пайдоиши адабиёти лотинӣ дар қарни дувуми пеш аз мелод оғоз гардид. Румиҳо монанди юнониҳо барои навиштан аз папирус, пўсти оҳу, гўсола ва назири онҳо истифода мекарданд. Пари шикофтаро ба унвони қалам ба кор мебурданд ва ҷолиб аст бидонем, вожаи «қалам» аз вожаи лотинӣ пайдо шудааст. Шакли китоб дар Руми Бостон тумор, лавҳаи мумӣ ва китобгунае буд, ҳарчанд умуман китобгуна барои осори масеҳӣ ва тумори папирусӣ барои осори илҳодӣ ба кор мерафт. Китобҳои румӣ тамоми заминаҳои дониш бавижа фалсафа, ҳуқуқ, сиёсат, мазҳаб, осори дунявӣ ва улуми риёзиётро дар бар гирифт. Куҳнатарин нусхаи рўзгори бостони Рум «Кодекси Ватиканус» аст, ки ба қарни чаҳоруми пеш аз мелод мансуб мебошад.

      Аз миёнаи қарни дуввуми пеш аз мелод сардорони румӣ ба овардани куллияи маҷмўаҳои китобхонаҳои юнонӣ аз минтақаҳои шикастхўрда оғоз карданд. Китобхона ҷузъи ҳатмии ғаниматҳо ба шумор мерафт. Чунин ғанимат бахше аз китобхонаҳои шахсии онҳоро ташкил медод. Гарчи ин амал як навъи душманӣ бо илм ва ҳунар буд, лекин боиси таваҷҷуҳи ашрофон нисбат ба китоб гардид. Гирдоварии китобҳо ва баргаи китобхонаҳо сабаби саргармии сарватмандони румӣ шуд. Доштани маҷмўи китоб дар хона эътибори фардро меафзуд.

      Сисерон (солҳои 106-43 то мелод), нависанда ва сиёсатмадори румӣ китобхонаи шахсӣ дошт. Суло ба ҳангоми тасхири Афина дар соли 89 пеш аз мелод китобхонаи Арастуро ба ғанои худ даровард. Бино ба «Зиндагии мардони номӣ»-и Плутарх китобхонаи Лукуллус (солҳои  57-114 пеш аз мелод) машҳуртарин китобхонаи он даврон буд. Ҳамчунин дар мавриди як китобхонаи аввалини умумие, ки дар соли 39 пеш аз мелод тавассути қайсар Юлий тарроҳӣ ва тавассути Осиниён Полло идора мешуд, ишорае дорем. Ин китобхона дар Атриум Либертатис қарор дошт ва аз осори румӣ ва юнонӣ иборат буд. Ҳамчунин шоҳиди кофӣ нишон медиҳад, ки Юлиӣ Сезар (солҳои 102 ё 100-44 то мелод) қасд дошт китобхонаи Искандарияро ба китобхонаи Тибер пайванд диҳад. Китобхонаи румӣ 500 сол давом ёфт ва шакли нави онҳо ба хубӣ дар китобхонаи Улпиан воқеъ дар майдони Трожан ё дар китобхонаи машҳуре, ки дар хабарҳои Ҳеркуланум кашф шуд, намоён аст.

      Дар китобхона нахуст осори юнонӣ дар як сў ва осори лотинӣ дар сўйи дигар қарор дошт ва бар асоси мавзўъ дар ғурфаҳо ва сандуқ чида мешуд. Китобҳо бояд дар толорҳои мутолиа мавриди истифода қарор мегирифтанд. Дар китобхонаи дуввумӣ садҳо тумори папирусӣ дар атроф ва мизе дар миён қарор дошт. Бо эҳтимоли қавӣ метавон пазируфт, ки утоқи китобхона дар харобаҳои шаҳр Ҳеркуланум навъи китобхонаи румӣ дар он аср будааст. Дар миёни қарни чаҳоруми баъд аз мелод, теъдоди китобхонаҳои умумии шаҳри Рум ба 28 мерасад. Соири шаҳрҳои Итолиё ва иёлоти дигар низ кўшидаанд, то ғояи китобхонаҳои румиро пайравӣ кунанд. Дар китобхонаҳои шахсӣ аз 30 то 60 ҳазор тумор ёфт мешуд.

      Ҳар хонанда ҳуқуқ дошт аз китобхонаҳои Рум баҳра гирад. Китобхонаҳо ба рўйи омма боз буданд, ки худ расонандаи мафҳуми румии шаҳрвандӣ ва донишпажўҳӣ дар сатҳи густарда буд.

      Аз лиҳози сабки меъёрӣ китобхонаҳои румӣ ба биноҳои ёдбудии он аср шабоҳат дошт. Туморҳои папирусӣ бо барчасби унвони онҳо дар ҷойҳои лонаи кабутарии кафасҳо нигаҳдорӣ мешуд. Баъзе китобхонаҳои умумӣ китобҳои худро низ вомесупориданд. Мудирияти китобхонаҳо асосан ба рўҳониёни маъбад вогузор мешуд.

      Бо вуҷуди ин дастовардҳо китобхонаҳои румиҳо бо он чи дар Искандария вуҷуд дошт, баробар намешуд, китобдорони румӣ камшуҳраттар буданд ва гўё аз лиҳози рутба дар хадамоти кишварии кормандон поёнтар маҳсуб мешуданд. Ҳадафи китобдорӣ, мисли Искандария ба нигаҳдории мероси фарҳангӣ равона шуда буд.

      Дар даврони румӣ – юнонӣ ва даврони пеш аз он, китобхонаҳо ва бойгониҳо қобили тафовуте набуданд ва танҳо дар охири даврони румиҳо миёни онҳо фарқияте дида мешуд, ки китобҳо ва бойгониҳоро аз ҳам ҷудо нигоҳ медоштанд.

Аз китоби “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”-и Сафар Сулаймонӣ. Душанбе , 2013.

 

Таҳияи Дилноза Ғаниева,

мутахассиси пешбари маркази такмили ихтисос.