Китобхонаҳои Ҳинд дар асрҳои XVII ва XVIII
Китобхонаҳо баробари равандҳои фарҳингии ин давраи Ҳинд пешрафт карданд. Ва ин рушд бештар дар маҷмӯҳои шахсии шоҳон ва импературон ба чашм мехӯрд. Донишмандони гуногун ва марказҳои омӯзиш низ китоб ва нусхаи хаттӣ дар ихтиёр доштанд то дигаронро аз омӯзиш баҳраманд созанд ва ба пешрафти таҳқиқ мадад раонанд. Гоҳе китобхонаҳо дар маъбад барпо мешуд ва фармонфармоён аз онҳо ҳимоят мекарданд. Пас аз марги Акбаршоҳ шоҳони сулолаи Бобуриён Ҳинд бештар саргарми тақвият ва таҳкими қудрат ва бартарии хеш буданд.
Бесуботии сиёсӣ бар пешрафтҳои фарҳангии замона имкон надод, иҷозат наёфт. Бешак ин нукта воқеият аст, ки ба таври куллӣ ҳукмронони Ҳинд иборат аз ҳинду мусулмон дар шимол, ҷануб, шарқ ва ғариби кишвар, асосан афкори фарҳангӣ доштанд ва умуман ҳифзи маҷмӯҳои арзишмандро аз аркони имони худ мешумурданд.
Китобхонаи маъбадҳо
Ӣоҳанн Георг Буҳлер ховаршиноси олмонӣ, ки дар садаи XIX хадамоти боарзише дар Ҳинд анҷом дод, ба забти ин воқеият пардохтааст, ки дар ду маъбад перомуни дини ҷайния воқеъ дар Комбоу беш аз 30000 нусхаи хаттӣ дар мавзӯоти фалсафа, адабиёт ва улуми шинохта бар ҳиндуён ба забонҳои санскрит ва дигар забонҳои шарқӣ вуҷуд дошт.
Бино бар далелҳои мавҷудӣ китобхонаи бисёр пурравнақ дар маъбади Сарасвати вуҷуд дошт. Ин китобхона машҳуртарин китобхонаи салтанатӣ буд, ки моликияти онро ба шоҳ Баҳоҷаи Даҳорӣ нисбат медиҳанд.
Китобхонаи Танҷор
Замони пайдоиш ва таъсиси китобхонаи қасри салтанатии Танҷор дар ҷануби Ҳинд Сарасвати Маҳал боэҳтимол ба поёни садаи ХУI боз мегардад. Дар ду қарни баъд ном ва шуҳрати китобхона чунон ҳамагир шуд, ки донишмандон гурӯҳ – гурӯҳ барои баҳраҷӯӣ аз маҷмӯи беназири он ба Танҷор рӯ оварданд. Ин китобхона ба эҳтимол куҳантарин китобхонае аст, ки ҳанӯз ба фаъолияташ идома медиҳад. Маҷмӯи китобхонаи салтанатиро 12000 нусхаи хаттӣ зикр кардаанд. Ин китобхона чунон ки гӯянд, дорои 20000 нусхаи хаттӣ ба забонҳои санскрит ба соири забонҳои муҳими Ҳинд будааст. Ҳамчунин навиштаанд, ки 18000 ҷилд аз ин дар баргҳои дарахти хурмо навишта шудааст.
Бунёдгузори китобхона ба вазъе, ки дар садаи XIX пайдо кард, Махороҷи Сарабҳоҷӣ буд, ки соли 1820 онро бозсозӣ кард. Писари вай Сиваҷӣ ба ҳадди мулоҳиза бар шумораҳои мавҷуди китобхона афзуд. Бархе аз нусхаҳои хаттии он ба хатти бостонии қандаҳорӣ аст. Буррел ба интишори феҳристе аз 12375 китоби ин китобхона ҳиммат гумоштааст. Дарвоқеъ ин китобхона бозмондае аз китобхонаи салтанатии Танҷор созмондиҳӣ шуда ва баъдҳо ба дасти фотеҳони Маҳороштроӣ афтод ва онҳо ва рушди он иқдом карданд ва онро ба сурати китобхонаи Сарасватии маҳал дароварданд.
Аз китоби С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.
Таҳияи Барно Самиева