«Китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир» – мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ
Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ дар иртибот бо фонди электронии китобхонаҳо ва шароити навини ҷаҳонишавӣ дар мавзуи «Китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир» мизи гирд баргузор кард. Дар кори ин ҳамоиш меҳмонон аз Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ Сайфиддин Камолзода муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард. Сайфиддин Камолзода иброз дошт, мавзуе, ки имрӯз аз ҷониби маърӯзачиён ва ҳозирини чорабинӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаву хулосарониҳо қарор дода мешавад, яке аз масъалаҳои муҳим ва актуалӣ барои фаъолияти сифатноку босамари натанҳо китобхонаҳо, балки тамоми шохаҳои фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
“Дар чунин давраи рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ китобхонаҳо низ дар қатори дигар самту соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ба истифодаи таҷҳизот, технологияи ҳозиразамон ва барномаҳои электронии соҳавӣ ногузир мебошад”- илова кард, муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода.
Сипас, Ҳаётзода Алиакбар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташкили сомона ва феҳристи электронӣ қадами ҷадид дар рушди фаъолияти китобхонаҳои кишвар» маърӯза кард. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо бидуни манбаи электронӣ кореро ба сомон расонидан хеле мушкил гардидааст ва шароити ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, то китобхонаҳо низ хонандагони худро дар фазои маҷозӣ пайваста зери назар гиранд. Фаъол будани сомонаҳои расмӣ ва китобхонаҳои электронӣ барои китобхонаҳои кишвар шарти асосӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзу нигаҳдошт захираҳои иттилоот дар онҳо нисбатан осон ва дастрас мегардад.
Ҳамчунин дар иртибот ба мавзуи «Технологияи муосир ва ҳифзи маводи махзану бойгониҳо»- Баёнов Маҳмаднабӣ муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»–и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуд. “Гузариш аз шеваҳои анъанавии иттилоърасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои Китобхона ногузир аст. Алалхусус баробари китобҳои чопӣ арзи вуҷуд кардани Китобхонаи электронӣ дар самти хидматрасонӣ ба хонанда тағйироти куллӣ ворид намуд. Пешрафти босуръати технологияи муосир – алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия, компютер ва ғайра баробари иқтисоду иҷтимоъ маҳаки рушди иттилоърасонӣ низ гардиданд”,- гуфт Баёнов Маҳмаднабӣ. Инчунин таъкид намуд, ки истифодаи манобеи электронии китобу маҷалла ва рӯзномаҳо ба мақсад мувофиқтар аст, чун вазифаи рӯзномаҳои мо имрӯз бештар аз иттилоърасонӣ, ба ҳифзу нигоҳдории он наздиктар мебошад. “Хонаи китоби Тоҷикистон” пайваста дар фаъолияти худ ин нуктаро ба инобат гирифта ба электроникунонии нусхаҳои китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо диққати махсус медиҳад. Дар ҳолати фарсуда гардидани нусхае аз рӯзномаҳо мо метавонем онро дубора аз манбаи электронии он барқарор намоем.
Доир ба паҳлуҳои дигари мавзуи мизи мудаввар намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиева Р. суханронӣ намуд. Мавзуи асосии баромади Розиева Р. «Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳоншавии иттилоот» буда, аз раванди рақамигардонии фондҳои ин муассиса ва пайваста бо манобеи электронӣ таъмин намудани истифодабарандагон маҳсуб меёфт.
Дар қисмати дигари ҳамоиш муовини шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ – иттилоотии Китобхонаи миллӣ Нилуфар Валиева баромад намуд. Зимни суханронии худ изҳор дошт, ки дар сохтори Китобхонаи миллӣ яке аз бахшҳои асосии таъмини манбаҳои электронӣ ин шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Кормандони ин шуъба ба рақамигардонии нусхаҳои китобҳо машғуланд ва ҳамарӯза фонди захиравии портали nlt.tj (Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон) дар ҳоли рушд аст.
Ҳамчунин, дигар иштиродорон вобаста ба мавзуи «Китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир» андешаронӣ намуданд. Дар қисмати муҳокимаи маърузаҳо, Шариф Комилзода номзади илмҳои педагогӣ иброз дошт, ки вақте мо аз техника ва технология ҳарф мезанем он бояд ба намоиш гузошта шавад. Таҷрибаи кории Хонаи китоби Тоҷикистон , ки аз махзанҳои асосии нигоҳдории нусхаҳои ҳатмӣ ба шумор меравад, мавриди таҳлил қарор дода шавад. Қонунҳои соҳаи китобдорӣ мавриди омӯзиши дақиқ қарор гирифта, раванди электронигардонии тамоми манбаҳои иттилоотӣ ҷоннок карда шаванд.
Дар анҷом назару пешниҳодот вобаста ба беҳтарсозии захираҳои китобхонаҳои электронӣ ироа гардида, мизи мудаввар бо суолу ҷавоб миёни иштирокдорон хотима ёфт.
Наргис Назарзода, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа