Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз фаъолияти нуҳмоҳаи худ натиҷагирӣ кард

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи фаъолияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” барои нуҳ моҳи соли 2021, баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Китобхона Файзализода Ҷумахон Хол ифтитоҳ намуда, нахуст қоидаҳои баргузории ҷаласаро тариқи овоздиҳӣ қабул карданд. Сипас аз ҷониби директори Китобхона Файзализода Ҷ.Х. матни ҳисобот қироат карда шуд.

Директори Китобхона фаъолияти марказ ва бахшу шуъбаҳои Китобхонаро ба баррасӣ гирифта иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар умум фаъолияти Китобхона назаррас буда, натиҷаҳои дилхоҳ низ ба даст омаданд. Ва дар ин баробар ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳои мавҷуда дар рафти фаъолият ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Манти комили ҳисоботи фаъолияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-ро инҷо бихонед.