Китобхонаи миллӣ ба қабули довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омода
Тибқи супориши роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” толорҳо пурра омода ва интизори довталабону ҳакамони озмунанд.
Дирӯз, 5 ноябр, як ҳайат аз гурӯҳи муаззафгардида тибқи ҳар як номинаи озмун омодагии толорҳоро санҷиданд ва камбудиҳои ҷузъиро бартараф сохтанд. Ва инак, он толорҳо комилан омодаи пазироии довталабонанд.
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” пагоҳ, 7-уми ноябр дар Китобхонаи миллӣ оғоз мешавад.
Абдуғаюр Саломов