Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҳазорҳо меҳмон аз дохил ва хориҷ “Рӯзи китоб”-ро таҷлил кард.

Хайриниссо ЮсуфӣДар арафаи таҷлил аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва “Рӯзи китоб” Китобхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи фарҳангӣ чорабинии бошукӯҳи “Рӯзи дарҳои боз”-ро баргузор намуд, ки дар ин маърака ҳазорҳо нафар аз дохил ва хориқӣ мамлакат ширкат намуда, бо шароиту имконоти ин муассисаи бонуфуз ошно гардиданд. Бояд зикр намуд, ки чорабинии “Рӯзи дарҳои боз” давоми ду рӯз 4 – ум ва 5-  уми сентябр идома карда,  ҷараёни баргузории он тавассути  шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба омма нишон дода шуд.

Тибқи омори расмӣ барои пешвози меҳмонон ва роҳнамоии онҳо дар дохилӣ бинои муассиса 40 нафар кормандони ҷавон барои роҳбаладӣ сафарбар гардида, аз рӯи хатсайри муайян меҳмононро бо толорҳои хониш, осорхонаҳои китобҳои нодир, осорхонаи замони Истиқлол, мусаввараи “Паноҳ” , ки яке аз ҷолибтарин бахши саёҳат маҳсуб меёбад ва ҳамчунин дигар хизматрасониҳои Китобхонаи миллӣ аз наздик ошно намуданд.

Қабл аз шуруъи “Рӯзи дарҳои боз” маросими ифтитоҳи он дар саҳни бинои Китобхонаи миллӣ бо ширкати садҳо нафар меҳмонон, рӯзноманигорон ва кормандони муассиса доир гардид. Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  ин ҳамоиш аз бахши фарҳангӣ низ иборат буд, ки дар он суолу ҷавоб,  пахши сурудҳо ва мукофотонидани кормандони фаъол бо Ифтихорнома ва  Сипосномаҳо ҷараён гирифт.
Дар рӯзи аввали чорабини зиёда аз 1000 нафар донишҷуён, кормандони вазорату кумитаҳо,ҳамчунин меҳмонони хориҷӣ ташриф оварда,   саёҳат карданд.

Хайриниссо ЮсуфӣРӯзи дуюми чорабинӣ нисбатан сермеҳмон ва ҷолиб гузашт.  Донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи милли Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи байналмилалии забоҳои хориҷии Тоҷикистон, курсантон аз литсеҳои ҳарбии назди вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  омӯзгорон ва хонандагон аз колеҷ ва мактабҳои шаҳри Ҳисор,  Кумитаи гумрук, Вазорати корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, саноат, Агентии Тоҷикстандарт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хизмати давлатӣ, Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони мақомотҳои давлатӣ ташриф оварда, таасуроти хубе аз саёҳат дар Китобхонаи миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бардоштанд.

Ҳамчунин дар Рӯзи дувуми Рӯзи Дарҳои боз”-и Китобхонаи миллӣ, ки ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва иди касбии китобдорон ҷараён гирифт Хайриниссо Юсуфӣ – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташриф овард. Ӯро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ҳамроҳӣ намуданд.

Хайриниссо ЮсуфӣМеҳмонони олиқадр  ба намоиши китоб ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда, аз кори роҳбарияти Китобхонаи миллӣ  ва коллективи он дар роҳи маърифатикунонии насли наврасу ҷавон ва ҷомеаи Тоҷикистон изҳори ризоият намуд. Аз ҷумла, бонуи хирад Хайриниссо Юсуфӣ дар бораи мақому манзалат ва нақши китобу китобхона дар пешрафти ҷомеа ва ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат дар самти таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва  ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ суханҳо гуфтанд.

Дар маҷмӯъ тибқи омори расмӣ давоми ду рӯз ба Китобхонаи миллӣ зиёда аз 1500 нафар ташриф оварда, бештар аз  300 нафари онҳо аъзои Китобхонаи миллӣ ва соҳиби корти пластикӣ гардиданд, ки метавонанд, давоми 3 сол аз хидматрасониҳои ин даргоҳ ройгон истифода баранд.

Наргис Назарзода