Китобхона дар аксҳои таърихӣ. Бахши 2
Имрӯз мо зиндагиямонро бидуни расм ё аксбардорӣ тасаввур карда наметавонем. Акс хотираҳои зебои зиндагии моро барои оянда нигоҳ медорад. Бо аксбардорӣ мо метавонем беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиямон: давраи кӯдакӣ, мактабӣ, донишҷуйӣ, фаҳолияти корӣ ва ба монанди ин бисёр шодиҳои дигари рӯзгорамонро ба оянда гузорем ва ё манзараи зебоеро мушоҳида намуда, аз зебоию дилфиребиаш аксеро ба ёдгор бигирем, онро ба таври шоиста дар рўзномаву маҷалла ва ё ба монанди имрўзиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузорем. Манзури инҷониб дар сифати акси хотиравие мебошад, ки он 90 сол пеш бардошта шудааст. Ин сурати умумии иштирокчиёни нахустин семинари ҷумҳуриявии кормандони китохонаҳо, ки соли 1935 дар Китобхона баргузор гардидааст, мебошад.
Китобхонаро бе толорҳои кушоду барҳавои хониш тасаввур кардан мумкин нест, зеро маҳз аз ин гуна толорҳои хониш хонандагон метавонанд бароҳат ва гуворо истифода намоянд. Акси дувум толори хониш буда, барои 160 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, ки дар бинои нави Китобхона (меъмор С. Анисимов, муҳандис Е. Барсукова), соли 1954 дари худро ба рўйи хонандагонаш боз намуд. Чи тавре дар акс аён аст, истифодабарандагон бо як шавқу завқи баланд дар ин махзани илму фарҳанг машғули омўзиш ҳастанд.
Аслан толори феҳрист ба истилоҳи китобхонашиносӣ калиди китобхона мебошад. Маҳз ана ҳамин толори барҳаво яъне толори феҳристнигорӣ роҳнамое ҳаст барои истифодабарандагон. Пас аз узвият ба Китобхона аввалан шуморо зарур аст ба толори феҳрист равед, чунки рўйхати тамоми маводи мавҷуда дар инҷо аз рўйи тартиби алифбоӣ, мураттабӣ, алифбоӣ-предметӣ, электронӣ ҷой дода шудааст.
Ин акс аз толори феҳрист мебошад, ки соли 1955 бардошта шудааст ва дар он дида мешавад, ки истифодабарандагони Китобхона машғули ҷустуҷўй мавод ҳастанд.
Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ