Китоби муфид дар бораи психологияи идоракунӣ

Китоби муфид Қисми дуюми китоби “Психологияи идоракунӣ”-и доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода масъалаҳои методологӣ ва умуминазариявии идоракунии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи умумиҷаҳонии даҳсолаи охир дар самти идоракунии давлатӣ инъикос гардидаанд.

Ин воситаи таълимӣ мутобиқ ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода намудани ихтисосҳои «Иқтисод ва идоракунӣ» (дараҷаи «бакалавр» ва «магистр») таҳия гардида, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод шудааст. Аз он психологҳо, менеҷерҳо, иқтисоддонҳо, инчунин дигар мутахассисоне, ки нисбат ба назарияи психологияи мудирият ва психологияи иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, истифода бурда метавонанд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо шарфоати суботи ҷомеа (1997) устувор гардид, дар ибтидои асри XXI вобаста ба қонуниятҳои нави ҷомеаи муосири иттилоотӣ, дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангӣ, вазъи илму маориф, тараққиёти техника, технологияи муосири иттилоотӣ ва раванду тамоюлоти ҷаҳони муосир дар назди олимону мутахассисони соҳаи идоракунӣ дар самти таҳқиқи проблемаҳои назариявии идоракунии мақомоти давлатию ғайридавлатӣ ва сохторҳои гуногуни онҳо вазифаҳои муҳимро вогузор намуд, ки ҳалли мусбати онҳо ба ояндаи илми идоракунӣ таъсири амиқ хоҳад гузошт.

Дар замони муосир доираи проблемаҳои илмии идоракунӣ беш аз пеш васеъ, мавзӯҳои мавриди таҳқиқ мураккаб, фурсат барои омӯзиши онҳо кам, вале масъулияти пажӯҳишгарон хеле баланд гардидааст.

Чунин вазъият марказҳои бузурги илмии соҳаи идоракуниро водор месозад, ки набзи серҳаракати ҳаёти илмиро ҳамвора наззора намуда, сабабу омилҳои пайдоиши проблемаҳоро ташхис ва роҳу равиши ҳалли онҳоро муайян созанд.

Дар шароити кунунии иҷтимоӣ – сиёсӣ ва иқтисодӣ, байни талаботи нав, ки ҷомеа объективона ба миён мегузорад ва мавҷуд набудани консепсияҳои воқеии инноватсионӣ, ки ба рушди оптималии ин падидаҳо мусоидат мекарда бошад, зиддият пайдо шудааст. Ин зиддият проблемаи асосии таҳқиқоти моро муайян намуд, ки он асосноксозии назариявӣ ва таҳияи парадигмаи наву беҳтари идоракунии ташкилотҳои истеҳсолӣ дар шароити ҷомеаи бӯҳронӣ мебошад.

Нашри мазкур фарогири консепсияи психологияи идоракунӣ дар низоми менеҷменти ватанӣ, муттаҳид намудани шаклҳои психологӣ ва методҳои фаъолияти идоракунӣ ҳангоми мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият, сатҳи бӯҳрон ва инкишофи иҷтимоӣ – психологии ташкилотҳои истеҳсолӣ мебошад. Дар он маводи зиёди таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни психологии менеҷмент, кӯшиши таҳқиқи масъалаҳои методологӣ, назариявӣ ва методии раванди идоракунии стратегӣ ҷамъоварӣ шудааст. Инкишофи сусти истеҳсолот ва сатҳу сифати пасти намудҳои гуногуни фаъолият зарурати дарки амиқи ин воқеиятро ногузир сохт. Орзуҳои ғалати давраи гузариш, ки гуё қонунҳои иқтисодии бозоргонӣ ҳама чизро ба танзим медароранд, бинобар сабаби муносибати беътиноёна нисбат ба психологияи инсон ва арзёбии нодурусти нақши психология дар раванди идоракунии иқтисодиёт барбод рафтанд.

Дар китоби дарсӣ таҷрибаи бойи психологияи идоракунии давраи гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва таҳлили фаъолияти истеҳсолии ташкилотҳои ҳаҷман гуногун ва шакли фаъолияташон муштарак ва шахсӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Дар қисми якуми китоби мазкур ба масъалаҳои предмет ва методҳои психологияи идоракунӣ, проблемаҳои умдаи назарияи психологияи идоракунӣ, мавқеи шахсият ва неруи ӯ дар равнади идоракунӣ, нақши мизоҷ ва характер дар низоми идоракунӣ, равандҳои маърифатӣ ва диққат дар ҷараёни меҳнат, ҳудудҳои иродавӣ – эмотсионалии шахсият дар раванди идоракунӣ, инчунин назарияи маромҳо ва нақши он дар водорнамоии инсон ба фаъолияти самарабахш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида буд.

Бо назардошти таҳаввулоти азими ҷаҳони муосир, ки дар соҳаи идоракунӣ таъсири он бештар аз ҳама ба назар мерасад, бо донишҳои маҳдуд оид ба психологияи идоракунӣ ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбатро дар идоракунӣ, бахусус дар идоракунии самарнок кафолат додан имконнопазир аст.

Аз ин рӯ, дар қисми дуюми китоби мазкур бештар масъалаҳои асосҳои психофизиологии идоракунӣ, психологияи қабули қарор, роҳбарӣ ва сарварӣ, психологияи идоракунии коллективи меҳнатӣ, идоракунӣ ва муҳити иҷтимоӣ – психологӣ дар коллектив, муоширати байнишахсӣ дар раванди идоракунӣ, ки дар шароити имрӯзаи идоракунӣ аҳамияти бештари назариявӣ ва амалиро моликанд, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Китоби мазкур дар доираи талаботи Стандарти давлатии маълумоти олии касбии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба як силсила равия ва ихтисосҳои идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии давлатӣ барои донишҷӯён, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос тайёркунӣ ва азнавтайёркунии касбӣ оид ба идоракунии давлатӣ, магистроне, ки аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, мутобиқ буда, инчунин барои такмили донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии хизматчиёни давлатии сатҳҳои гуногун пешбинӣ шудааст.

Хоҳишмандон китоби Файзализода Ҷумахон Хол «Психологияи идоракунӣ» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.