Китоби нав. «60 соли рушди илмҳои физика ва техника”(1964-2024)
Дар китоб мақолаҳо ва хотирот доир ба таърихи 60-солагии Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд.
Дар мақолаҳо саҳми давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми ватанӣ, ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар симои он Институти физикаю техника ба номи С.У. Умаров, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҳамчунин натиҷаҳои илмии дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардаи олимони Институт зикр гардидаанд.
Хоҳишмандон метавонанд китоби “60 соли рушди илмҳои физика ва техника”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳминаи Маҷид,
мутахассиси пешбари
шуъбаи нигоҳдории китоб.