Китоби нав.  Абдуғафор Шарифов: “Сайри фикри фалсафӣ”

sajri-fikri-falsafa-2.jpgДар маҷмуа силсилаи  мақолаҳо бахшида ба ақоиди аҳди бостон ҷамоварӣ шудаанд. Баъзеҳо мақолаҳои маҷмуа давраҳои мухталиф дар Ахбори  ИФСХ  АМИТ ва дигар нашрияҳо рӯйи чоп омадаанд.       Муаллиф Абдуғаффор Шарифов изҳори умед кардааст, ки “маводи  маҷмуа барои илмомӯзон, магистрҳо донишҷӯён ва доираи васеъи хонандагон қобили қабул мешаванд.

Дар пешгуфтори китоб аз ҷумла омадааст, ки инкишофи донишҳои илмию фалсафӣ дар ҷомеаи бостонии Эрон дар робита ва таъсири мутақобила бо афкори илмию фалсафии Юнон ва қисман Ҳинд идома дошт. Маълум аст, ки юнониён бо таълимоти динӣ, устуравӣ ва фалсафии мардуми эронзамин, бо тарзи зиндагию маишати онҳо аз давраҳои Геродот, Демокрит, Страбон ошно буданд. Баъди истилои Искандари Мақдунӣ робитаю муносибот бештар собит гаштанд, то ҷое ки Ардашери Бобакон дар сангнавиштаи худ дар нақши Рустам дар баробари истифодаи забони паҳлавӣ забони юнониро низ ба кор бурд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо шоҳони сосонӣ аз Ардашеру Шопур то истилои Араб тамоми шароитро барои омӯзишу интишори улум муҳаё месохтанд. Ба гуфтаи Ибни Надим дар «Феҳрист» шоҳони сосонӣ барои ҷамъоварии маводи фикрӣ ба Ҳинду Рум масъулини худро мефиристоданд.

Баъди зуҳури масеҳият ва хусусан фирқаи мухолифимасеҳӣ гунусӣ   таъсиру равобити фикрии Эрону Византия хеле инкишоф ёфт. Имрӯз муҳақиқон исбот намудаанд, ки андешаи монавӣ, гиостикӣ, собеӣ, мандоӣ бо ҳам каробати беандоза доранд. Аз ҳамин сабаб аз соли 1987 то соли 2019 10 Конфронси байналмилалии Хонишҳои монавӣ (АБХМ) дар манотиқи мухталифи Аврупою Амрико (Конфронсияи  II-юм соли 2022 бинобар Covid-19, баргузор нашуд) гузаштанд. Ин чунин маъно дорад, ки масоили таълимоти назария ва таърихи монавӣ ҳоло ҳаллу фасл нашудаанд. Давраи  Сосониён (224-651)м.) аз давраҳои хеле ҷолиби таърихи фикрию маънавии форсу тоҷик ва то ҳол мутассифона бо тарзи арзанда тахқиқу баррасии  маҷмуӣ нашудааст. Роҷеъ ба таъриху мақоми академияи Гундешапур, марказҳои илмию фалсафии Нисибин Рахов ва ғайра муносибати таъсири онҳо ба мактабҳои суриёнӣ Бобилӣ, Румӣ навиштаҳо зиёданд, вале аксар такрори якдигаранд…

Хоҳишмандон имкон доранд китоби “Сайри фикри фалсафӣ”-и Абдуғаффор Шарифовро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Гулистон Лундишоева,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.