Китоби нав. “Абдулғанӣ Мирзоев”

Абдулғанӣ МирзоевИн китобномаи шарҳиҳолию библиографии олими маъруф Абдулғанӣ Мирзоев ба тозагӣ нашр шудааст. Мураттибони китоб Ш.Суфизода, М.Мирзоев ва Ё. Бердизода буда, муҳаррири библиографӣ Н.Умаров, Н.Мусаввирова мебошанд. Ба китоб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидзода тақриз навиштааст.

Профессор Шодимуҳаммад Суфизода дар сарсухан ба ин китоб, ки бо номи “Абдулғанӣ Мирзоев-муҳаққиқи барҷастаи адабиёти тоҷик” чоп шудааст, аз ҷумла навиштааст:

Абдулғанӣ Муҳаммадович Мирзоев (1908–1976) яке аз шахсиятҳои барҷаста ва таъсиргузори илми адабиётшиносии тоҷик дар асри ХХ маҳсуб меёбад, ки бо фаъолияти густардаи илмӣ, таҳқиқоти мукаммал ва нақши созандааш дар ташаккули мактаби адабиётшиносӣ ва шарқшиносии тоҷик мақоми арзанда пайдо кардааст. Нақши ӯ танҳо ба доираи илмҳои филологӣ маҳдуд намешавад: бо дастовардҳои худ ӯ яке аз поягузорони фарҳанги нави таҳқиқи илмии тоҷик буд. Дар ҳамкорӣ бо аҳли илму адаби он замон Абдулғанӣ Мирзоев пайвандҳои илмии муҳкаме бо макотиби шарқшиносии Шарқ ва Ғарб барқарор кард. Чун ховаршинос ва адабиётшиноси варзида, ӯ дар соҳаҳои таърихи адабиёт, фолклор, забоншиносӣ, сарчашмашиносӣ ва матншиносии форсии тоҷикӣ саҳми бузург гузошт. Доманаи фаъолияти илмии ӯ басо густарда буд: аз таҳияи дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳо ва донишгоҳҳо то таҳия, тасҳеҳ, чоп ва таҳқиқи нусхаҳои хаттӣ ва осори нодир, аз навиштаҳои рӯзноманигорӣ ва мақолаҳои оммавӣ то монографияҳои бунёдӣ, ки ба масъалаҳои муҳими илми филология бахшида шуда буданд.

Дар тули даврони пурбори фаъолияти худ Абдулғанӣ Мирзоев наздик ба сесад асари илмӣ нигошта, интишор кард, ки ҳар кадом дар муҳити илмию фарҳангии он рӯз нақши муҳим бозидааст. Ин осор, ки натиҷаи заҳмати пайваста ва талошҳои амиқи илмии ӯ ҳастанд, то имрӯз ҳамчун сарчашма ва роҳнамои боэътимоде барои муҳаққиқон боқӣ мондаанд. Яке аз вежагиҳои боризи осори илмии Абдулғанӣ Мирзоев бо камоли диққат исботи нуқтаи назари хеш бо далелҳои дурусту инкорнопазир ва такя ба усулу равишҳои муосири таҳқиқ аст. Ҳар пажӯҳиши ӯ на танҳо як матн, балки як намунаи комиле аз асари илмӣ бо равиши академӣ мебошад, ки ҳамзамон бо эҳсоси масъулияти баланд ва худогоҳии миллӣ эҷод гардидааст. Маҳз ба шарофати ҳамин фаъолияти босамар мактаби нақди адабӣ ва шарқшиносии тоҷик пояҳои устувор пайдо кард ва насли нави муҳаққиқон тавонистанд бар асоси таҷриба ва мероси ӯ роҳи илмии эшонро идома диҳанд…

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи
депозиторӣ.