Китоби нав. Абдулло Давлатов: “Набототи резервати биосферии «Ромит»”

РомитИн китоб ба «Бистсоли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои 2020-2040 бахшида шудааст. Морнография барои магистрон, аспирантон, докторантон, докторони, PhD, устодон, унвонҷӯён, донишҷӯёни факултетҳои биологияи мактабҳо олии ҷумҳурӣ, умуман дӯстдорону ихлосмандони табиат ва таҳқиқгарони самти илмҳои биология (ботаника, систематика, геоботаника ва экология) маводи хуби корӣ буда, барои эшон метавонад чун сарчашмаи дорои маълумотҳои ниҳоят муҳим хидмат кунад.

Аз ҷиҳати географӣ мамнуъгоҳи резервати биосферии «Ромит, шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад. Вале аз ҷиҳати маъмӯрӣ ба муассисаи давлатии мавзеъҳои махсусҳифзшавандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат менамояд.

Аз ҷиҳати ҷойгирӣ резервати биосферии «Ромит» (РБ «Ромит») байни шохобҳои бузурги дарёи Кофарниҳон, Сорбо ва Сардаи Миёна воқеъ мебошад, ки қариб шакли секунҷаро мемонад. РБ «Ромит» аз тарафи шимол бо ду қуллаи баланд Ишурта ва Вашурта ба охир мерасад, ки баландиашон аз сатҳи баҳр то 3195 м мерасад.

То ташкил шудани мамнуъгоҳ аз 8 майи соли 1959 заминҳои ин мавзеъ дар итоати хоҷагиҳои ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат) қарор дошта, ҳамчун заминҳои зироаткорию боғу токпарварӣ ва чорводорӣ истифода мешуданд, ки таъсирашон ба набототу ҳайвонот сол аз сол афзудан гирифта, аз кам ё нестшавии баъзе намудҳои биологии қадимаю нодири ин диёри зебоманзар дарак медод. Аз ин хотир, барои нест нашудану эмин мондани намудҳои нодири биологӣ зарурати ташкил намудани мамнуъгоҳо дар минтақаи кӯҳӣ ба амал омад.

Бештар аз 90% қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳои баландии ҳархеладошта ташкил менамоянд, вале РБ «Ромит» аввалин минтақае ба ҳисоб меравад, ки намудҳои биологӣ дар шакли табиӣ каме бошад ҳам нигоҳ дошта шуда аст. Шароити табиии РБ «Ромит» барои ташкилшавӣ ва инкишофу нигоҳдории набототи ксерофитӣ ва мезофитӣ хеле муътадил аст. Аз ин хотир, мақсади асосии омӯхтани флораю набототи РБ «Ромит» ва нигоҳлории он мебошал. Таркиби флора ва шакли ҳаёти рустаниҳою таксонҳои онҳо дар занҷири экологӣ вазифаҳои асосиро доир ба муътадилии табиат иҷро менамоянд. .

Таҳлили флора ва шакли ҳаётии рустаниҳо, тақсимшавии онҳо ба типҳо, барои омӯхтани таърихи инкишофи наботот аҳамияти илмӣ дорад. Дар монография шарҳи умумии татқиқотҳои гузаронидаи солҳои 1982-2023 доир ба шароити табий, ҳолати кунунии наботот, таҳлили фитосенологию систематикӣ ва фенологию географии набототи РБ «Ромит» оварда шудааст. Вазифаи асосии тадқиқотҳои мо аз омӯхтану таҳлил намудани таркиби таксономӣ, биоморфологӣ ва экологӣ, исбот намудани алоқаи флора ва наботот бо шароитҳои хокию иқлимӣ, таҳлид ва коркарди классификатсияи наботот бо назардошти таҳлили далелҳо  ва усулҳои геоботаникӣ иборат буд.

Хонандагони азаз ин китобро метавнанд дар Китобхонаи миллӣ мтолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.