Китоби нав. Абдусалом Мирализода: “Асосҳои маҳорати педагогӣ” (Китоби дарсӣ)
Китоби дарсии «Асосҳои маҳорати педагогӣ» аз се боб иборат буда, ҳар як боб фарогири фаслҳо ва зерфаслҳо мебошад, ки дар онҳо оид ба фаъолият, маҳорати касбӣ, салоҳиятнокӣ, муошират, фарҳанг, эҷодиёт, нуфуз, имиҷ, ҳамкорӣ, техника ва технологияи педагогии омӯзгор ва монанди инҳо маълумот дода шудааст.
Китоби мазкур ба омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон, мутахассисони соҳаи маориф ва илм, инчунин ба хоҳишмандон тавсия шудааст.
Мирализода Абдусалом Мустафо – доктори илмҳои педагогӣ, профессор (2007), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2019) ва Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон (2022) мебошад.
Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ: низоми миллии таҳсилоти олии касбӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорони МТОК, асосҳои иҷтимоию педагогии интихоби касб, раҳнамоии касбии донишҷӯён ва тарбияи меҳнатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
Фаъолияти корӣ: лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1987-1988): омӯзгори Техникуми политехникии ш. Душанбе (1988): раиси Иттифоқи касабаи омӯзгорон ва донишҷӯёни Техникуми политехникии ш. Душанбе (1988-1992): мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Техникуми политехникӣ (1992-1994): аспиранти ДДТ (1994-1997): мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ (1995-2004): декани факултети такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДМТ (2004-2006): мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ (2006-2011): сардори раёсати таълими ДМТ (2011): муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим (2012-2017): директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (2017-2020): ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2020-2022) ва ҳоло мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ.
Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ: муаллифи 8 монография, 4 китоби дарсӣ (3 китоби дарсӣ дар ҳаммуалифӣ), 10 дастури таълимию методӣ ва аз 140 мақолаи илмию оммавӣ.
Таҳти роҳбарии профессор Мирализода А. М. 16 нафар аспирантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дифоъ намудаанд.
Профессор Мирализода А. М. барои хидматҳои шоён дар соҳаи маориф ва илми кишвар бо унвони фахрии «Корманди Шоистаи Тоҷикистон» (2008) сарфароз гардонида шудааст.
Хонандагони азиз китоби Абдусалом Мирализода “Асосҳои маҳорати педагогӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Фарҳод Салим, шуъбаи мукаммалгардонии фонд.