Китоби нав. «Ҳадяи тақдир» – ҳадя аз Ӯзбекистон ба Китобхонаи миллӣ
Омўзгори эҷодкор Илҳом Хидиров рўзгори мардуми атроф ва дидаю шунидаҳои худро таъсирбахш ҳикоя намудаасту камбудиҳои рўзгору ҷамъиятро дар ҳаҷвияҳои намакин ҷой дода, қисми онро дар матбуоти даврӣ ба дасти чоп додааст. Муаллиф зодаи деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯбекистон буда, “Ҳадяи тақдир” аввалин китоби ӯст.
Ҳамза Ҷӯра, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар сарсухан ба китоб анвиштааст, ки Илҳом Хидиров муаллими эҷодкор буда, солиёни зиёдест дар матуботи даврӣ бо мақола ва ҳикояю очеркҳояш фаъолона иштирок мекунад. Мазмун ва мундариҷаи навиштаҳои ў асосан васфи кишвар, ишқу муҳаббати поки инсонӣ, дўстиву рафоқат ва зиндагии осудаҳолонаи мардумро дар бар мегирад. Шоири забардасти рус Толстой гуфтааст: «Шахси хабарнавис бо ташаккули фаъолияти худ метавонад асарҳои бадеӣ нависад». Ин аст, ки Илҳом Хидиров ҳам ният кард, ки он чакидаҳои қаламашро ҷамъ оварда, ҳамчун китоби алоҳида чоп кунад. Инак, орзуи ў ҷомаи амал пўшид. Дар нашриёти «Маҳорат» китоби Илҳом Хидиров бо унвони «Ҳадяи тақдир» омодаи чоп гардид.
Муаллиф дар китоб чанд ҳикояю очерк ва ҳаҷвияҳои худро ҷой додааст, ки аксари онҳо хонаданибоб буда, рафти воқеъаҳо хеле таъсирбахш тасвир шудааст, хонанда метавонад хулосаи зарурӣ барорад, ғизои маънавӣ гирад. Аз ҷумла хикояи дар мавзўи ҷанг навиштаи ў, ки «Даст дар домани ҳаёт» ном дорад, тақдири пурфоҷиаи қаҳрамони асар Гулмоҳро, ки шавҳараш дар ҷанг ҳалок мешаваду бо чор нафар тифлакони худ танҳо мемонад, хеле таъсирнок ба қалам додааст, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Дар ҳикояи «Сиришки тақдир» дар симои табиби деҳот Хушдил Оқилзода шахси ғамхўри халқ ва барои бартараф кардани бемории вабо – коронавирус чӣ азобҳои рўҳиро аз сар гузаронидани табиби деҳот Хушдил Оқилзодаро устокорона ба қалам дода, дар ҳикояи «Ҳадяи тақдир» бошад, ишқи Дилшод бо духтараки ношинос бо маҳорати баланди эҷодкорӣ тасвир шудааст.
Илҳом Хидиров дар ҳаҷнависӣ низ қувваозмоӣ мекунад. Ин аст, ки муаллиф дар ҳаҷвияҳояш шахсони бадрафтор, беоқибат ва бевиҷдонро ба зери тозиёнаи танқид мегирад.
Китоби «Ҳадяи тақдир» аҳамияти калони трабиявӣ дошта, барои хонандагони синну соли гуногун пешниҳод шудааст.
Мо ба муаллифи китоб парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорем.
Ҳамза Ҷўра, узви Иттиҳоди нависандагони Ўзбекистон.
Хонандагон китоби Илҳом Хидиров. «Ҳадяи тақдир» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.