Китоби нав: «Ахтари тобоне дар илми таърих»
(ёде аз устоди шаҳир Абдусаттор Мухторов)
Маҷмӯаи мазкур бахшида ба 85 – умин солгарди доктори илимҳои таърих, корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор Абдуссатор Мухторов бахшида мешавад. Муаллифон саъю кӯшиш намуданд, ки дар силсиламақолҳхои худ бори дигар ба хидматҳои мондагори фарзона фарзанди тоҷик равшанӣ андозанд.
Номзади илми таърих, дотсент, декани факултети таърихи ТМТ Назирмад Муродов дар пешгуфтор ба китоб навиштааст, ки фарзонагону нобиғагони даҳр дар ҳамин давру замон монанди
шамъи фурӯзон ва хуршеди тобон ба бахти миллату давлат, шогирдону ҳамкорони хеш армуғони беназиреро мемонанд, ки бо таҷлили афкор ва кору пайкори манфиатборашон ба рӯзгори миллат пайғоми нур ва навиди саодату комронӣ мебахшанд. Олим, омӯзгор, доктори илми таърих, профессор, узви Иттиҳоди байналмиллалии журналистон Абдусаттор Мухторов аз зумраи олимону донишмандонест, ки дар солҳои фаъолияти илмиву омӯзгории худ ва хусусан дар тарбияи мутахассисони замон саҳми арзанда гузошта, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Устоди зиндаёд хислатҳои наҷиби зиёде доштанд. Устод зоҳиран марди бовиқор, вале ботинан хеле шахси хоксор, сода, поксиришт, инсондӯст, тарбиятгари насли ҷавон ба шумор мерафтанд.
Устоди зиндаёд дар пешрафти илму фарҳанг ба хусус дар пешрафти соҳаи журналистикаи тоҷик басо заҳмат кашида шогирдони зиёдеро тарбия намуданд. Аз даргузашти устоди ҳалим, ғамхор ва мушфиқи мо чанд соле гузашта бошад ҳам ёду номи накӯи эшон ва хидматҳои мондагорашон барои насли имрӯзу фардо ҷовидонист. Гулчини хотироти ҳамкасбону дӯстон ва ёрони профессор Абдусаттор Мухторов баёнгари он аст, ки хидматхои мондагори эшон ҳоло низ ба таври чашмрас ба аҳли ҷомеа муаррифӣ карда нашудааст.
Китоби «Ахтари тобоне дар илми таърих»-ро хоҳишмандон метавонанд дар китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.