Китоби нав. “Академик Маҳмудзода Маҳкам Аъзам”
Китоби мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам Аъзам бахшида шудааст. Дар китоб очерки мухтассар дар бораи фаъолияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва илмию педагогии устод ҷо дода шуда, санаҳои муҳими ҳаёт, фаъолият ва феҳристи китобу мақолаҳои чопшуда оварда шудаанд.
Академик Маҳкам Маҳмудзода аз зумраи олимонест, ки умре дар соҳаи ҳуқуқ фаъолият бурда, ба тарбияи шогирдон дар мактабҳои олӣ машғул гардида, бо сифатҳои неки инсонӣ факултаи ҳуқуқро сарварӣ намуда, то вазифаи Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Фаъолияти илмӣ-омўзгорӣ ва ҷамъиятии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода намуна буда, барои шогирдон ва ҷавонони лаёқатманди илмҷў мактаби омўзиш буда метавонад.
Китоби “Академик Маҳмудзода Маҳкам Аъзам”-ро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Шарофат Мирзоева.