Китоби нав. Академик Муҳаммад Осимӣ: Ҳамгироии таърихии тоҷикону форсигўёни ҷаҳон дар замони ҷаҳоншавӣ
Ин китоб бахшида ба 100-умин солрўзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, поягузори анҷумани тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон «Пайванд», аъзо–корреспонденти Акадкмияи илмҳои СССР, Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (1965-1998), раиси Комиссияи омўзиши тамаддуни Осиёи Марказии ЮНЕСКО (1977-1996), барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Осимӣ (1920-1996), 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта чоп шудааст ва ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ҳам ворид шуд.
Он як таҳқиқоти дастаҷамъии академии масоили мубраму камомўхташудаи арзишҳои мондагори таърихию фарҳангии тоҷикон, форсигўён, иртиботи он ба фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ (генезиси таърихии фарҳангӣ), асолату рисолати фарҳанги бостон (генезиси таърихӣ, назарӣ ва заминаҳои ҳамгироӣ), диди нави таҳқиқию муқоисавӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва бозтоби он дар мероси таърихию адабӣ (аҳди бостон, садаҳои баъдӣ ва имрўз), суннат ва меросбарии фарҳангӣ, нигоҳи мутақобилаи Шарқ ва Ғарб дар оинаи таъриху мероси фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ, рисолаи равшанандешӣ дар мероси фарҳангӣ: вижагиҳои мутақобилаи фарҳанги мардумони бумӣ ва фарҳанги кўчигарӣ (диди нави таҳқиқӣ- муқоисавӣ), нақши сухан, ҳикмат ва ҳакимӣ, таҳаммулмандӣ дар мероси фарҳангӣ (идомати таърихӣ, фарҳангӣ: аз дирўз то имрўз), академик Муҳаммад Осимӣ барномаҳои бунёдии илмии ЮНЕСКО, муассису баргузоргари форумҳои байналмилалии илмӣ доир ба таъриху фарҳанги тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон «Пайванд», тавсиф, генезиси таърихию илмӣ, ҳадафмандӣ аз бунёд, ғояи ягонагию якпорчагии тоҷикон – форсигўён дар замони ҷаҳоншавӣ, диди созандагию ҷомиасози ў дар фурў нишонидани низоъҳои сиёсию қавмӣ ифротигароии динию мазҳабӣ (ҳамгироӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ), масоили иртиботи таърихию фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ аз нигоҳи Муҳаммад Осимӣ (аз дирўз то имрўз, дар замони ҷаҳоншавӣ ва ғ) ба риштаи таҳқиқ омадаанд.
Китоб зери таҳрири Фарҳод Раҳимӣ, Акбар Турсон, Эраҷ, Баширӣ, Кашинат Пандита, Кароматулло Олимов, Маъсуд Миршоҳӣ, Муҳаммад Абдураҳмон, Қосимшо Искандаров, Насрулло Убайдулло, Аскаралӣ Раҷабов, Алим Ашрафхон, Саъдулло,Раҳимов, Мансури Ҳайдар ба нашр расидааст.
Таҳияи Шарофат Мирзоева