Китоби нав. Александр Ляховский, Вячеслав Некрасов: «Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»

ШаҳрвандСарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик китоби Александр Ляховский ва Вячеслав Некрасов Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз”-ро мунташир кард. Ин китоб аз зиндагӣ ва кору пайкори Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд, ки дар роҳи мубориза барои озодии мардуми худ шаҳид шуд, қисса мекунад.

Тарҷумони китоби мазкур, номзади илмҳои таърих Амирҷон Нурзода дар сарсухан ба ин китоб нигошдааст:

Ҳар ончи, ки дар ҳоли ҳозир иттифоқ меуфтад, мабнои таърихӣ дорад, иллатҳои решаие дорад, ки намешавад аз онҳо сарфи назар кард. Ҳамаи равандҳоро метавон бо таваҷҷуҳ ба кулли таҷрибаи таъ- рихӣ ё як давраи хос дар назар гирифт. Ҳамин дониш аст, ки дарки инкишофи табиии зиндагӣ ва тамаддуни башариро шакл медиҳад.

Китоби Александр Ляховский ва Вячеслав Некрасов«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз» аз зиндагӣ ва кору пайкори Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд, ки дар роҳи мубориза барои озодии мардуми худаш шаҳид шуд, қисса мекунад. Тасвири фармондеҳи устураӣ дар пасманзари воқеаҳои таърихӣ ва таҳаввулоти сиёсие, ки дар авохири асри 20 ва авоили асри 21 дар Афғонистон рух дод, нишон дода шудааст. Муаллифони китоб кӯшидаанд ҷанбаҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти Масъудро бо такя ба хотироти ёрону мухолифони ӯ ва бо истифода аз маводди нодири бойгонӣ ба тасвир бикашанд.

Воқеаҳои давраи муайяни таърихӣ дар китоб ба забони қобили фаҳм ва бо ироаи далелҳои ҷолиб навишта шудааст. Чизе, ки на ҳамеша дар китобҳои таърихӣ муроот мешавад. Бо ин ҳол, китоб ҳовии истилоҳоти сиёсиву низомии камкорбурде ҳам ҳаст, ки ҳини тарчума кӯшиш шуд то ҳадди имкон тавзеҳ дода шаванд. Ба унвони мисол, номи ҳизбу ҳаракатҳо, қӯшунҳо, воҳидҳои низомӣ, ҷангафзорҳо, ки дар забони русӣ ба шакли кӯтоҳнавишт маъмул ҳастанд ва аммо дар забони форсии тоҷикӣ мухаффафи онҳо чандон қобили дарку фаҳм нест, дар дохили матн (дар қавсайн) ва ҳам дар охири китоб ба шакли комил навишта ва ё шарҳ дода шудааст. Танҳо чизе, ки дар аснои тарҷумаи китоб як андоза душвор намуд, навишти русиёнаи ҷойномҳо (махсусан маҳаллу мавзеъҳои дараи Панҷшер) ва номи баъзе ашхос буд, ки зоҳиран муаллиф ё муаллифон ончиро, ки шунидаанд, ҳамонро рӯи саҳфа овардаанд. Аз сӯи дигар, қоидаҳои овонигории забони русӣ боис шуда, ки номҳои бархе аз афроду асомии баъзе маконҳо хеле дур аз асли худ ва ҳатто ғайри қобили ташхис навишта шудааст. Бино бар ин, зарурат пеш омад, ки то ҳадди имкон бо истифода аз манобеи интернетӣ ва қавли бошандагони ин минтақаҳо, яъне дӯстони панҷшерӣ, шакли саҳеҳи ин номҳо мушаххас карда шавад. Аммо боз ҳам, агар дар асомии афроду амокин ғалате рафта бошад, умедворем, ки хонанадагони азиз бо фаҳму фаросат ва ақлу қиёсати хеш онҳоро дармеёбанд ва моро ҳам огоҳ месозанд, то дар чопҳои баъдӣ ислоҳ кунем.

Дар мавриди аҳаммияти тарҷумаи ин асар ҳаминро бояд гуфт, ки зиндагӣ ва кору пайкори Аҳмадшоҳ Масъуд ҳамеша омӯхтанӣ ва донистанӣ аст. Аз ин рӯ, муаррифии шахсияти чандбуъдии ӯ, чунонки аз номи китоб бармеояд, дар ҳама давру замонҳо ҳоизи аҳаммият аст. Дар китоби «Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз», ки бори аввал дар тарҷумаи тоҷикӣ ба дасти хонанда мерасад, ҳақоиқе аз забони на танҳо ҳаводорони Масъуд, балки аз мухлисони ӯ, касоне, ки як умр душманаш мехонданд, баён шудааст. Ҳамчунин муаллифони китоб ҳодисотеро пешгӯй мекунанд, ки бо гузашти тақрибан 15 сол аз нашри он, дар Афғонистон иттифоқ уфтод. Махсусан дар замоне ки ин китоб тарҷума мешуд, Афғонистон дубора ба дасти Толибон сукут кард ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҷабҳаи дувум) бо роҳбарии писари Қаҳрамони миллӣ – Аҳмад Масъуд шакл гирифт.

Умедворем тарҷумаи китоб дар шинохти бештари шахсияти Масъуд ва авзои Афғонистон дар гузашта ва имрӯз мусоидат хоҳад кард.

Китоби «Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз» дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.