Китоби нав. Антон Чехов. “Панҷоҳ ҳикоя”
”Нашриёти “Меҳроҷ Граф” маҷмӯи ҳикояҳои Антон Чехов – ин нобиғаи ҳама давру замонҳо ва классики адабиёти ҷаҳониро таҳти унвони “Панҷоҳ ҳикоя” аз чоп баровард. Ин маҷмӯа, ки тавре аз номаш ҳам пайдост, фарогири 50 ҳикояи адиби оламшумул аст ба қалами донишманди маъруф, пажӯҳишгар, тарҷумон ва рӯзноманигор Обиди Шакурзода тарҷума шудааст.
Ҳикояҳои Антон Чехов барои хонандаи тоҷик ноошно нестанд. Аз ин пештар ҳам мутарҷимони зиёде талош кардаанд ҳикоёти адиби оламшумулро ба тоҷикӣ баргардон ва манзури хонандаи тоҷик созанд. Ин маҷмӯаҳо дар солҳои мухталиф аз ҷониби ноширону мутарҷимони гуногун бо сабку салиқа ба худашон хос рӯи чоп омадааст. Аммо тарҷумаи Обид Шакурзода нигоҳи хос ба ҳикояҳои ин нобиға аст, ки боз ҳам бо як сабки хосу то кунун барои хонандаи тоҷик камошно манзур шудааст.
Суханро ба дарозо намекашем ва барои ошноии бештари хонанда бо тарҷумаи Обид Шакурзода сарсухани Шодӣ Шокирзода – раиси ташкилоти ҷамъиятии “Макази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон”-ро меорем. Зимнан тарҷумони китоб дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки чопи китоб бо талошҳои пайгиронаву ҳусну таваҷҷуҳи донишманди маъруф Шодӣ Шокирзода муяссар шудааст, ки ҷойи сипосу қадрдонист.
Раҳима Аъзам
ЧАНД СУХАН АЗ БОБИ ИН КИТОБ
Нависанда ва драматурги маъруфи рус Антон Павлович Чехов (1860-1904) ҳамагӣ 44 сол зиндагӣ кард, вале дар ҳамин зиндагии кўтоҳ низ, ки ҳамроҳ бо беморӣ буд, беш аз 700 асари адабӣ офарид ва дар радаи аввали насрнависони машҳури олам ҷой гирифт. Пешаи аслии ў пизишкӣ буд ва ҳамин ҳунар ба ў имкон дод, ки дар баробари хусусиятҳои зоҳирии инсонҳо вежагиҳои ботинӣ ва тазодди онҳоро низ ба гунаи дақиқ ба мушоҳида гирифта, таҳлилу арзёбӣ кунад ва дар осори бадеияш ҳунармандона корбуд намояд. Ба андешаи иддае аз чеховшиносон мавзӯъ ва дарунмояи осори ўро фурсатҳои аздастрафтаи зиндагӣ, бархурд бо арзишҳои ғалати маъмул дар ҷомеа, тазодди табақотӣ, муколамаи инсонҳое, ки якдигарро намефаҳманд, ифшои разолату фаҳшҳо ва дар муқобили шарр муқовимат накардан ва фурў бурдани хашм дар лаҳзаи даркорӣ ташкил медиҳад. Чехов ҳунари кўтоҳу муъҷаз тасвир намудани ҳодисаҳои зиндагиро дошт ва бо ин истеъдоди нодири худ ангуштнамо гардида буд. Нависандаи нобиғаи рус Лев Толстой ба эҷодиёти Чехов баҳои баланд дода, зуҳури ўро дар адабиёти рус «атои бузурги сарнавишт» номидааст.
Бояд гуфт, ки А. П. Чехов баъд аз Шекспир дуюмин адибест, ки осораш дар ҷаҳон бештар чоп мешавад. Асарҳои машҳури драмавии ў «Се хоҳарон», «Боғи олуболу», ва «Моҳихўрак» солҳост, ки дар театрҳои машҳури дунё ба саҳна гузошта шуда, ба тамошобинон ғизои бузурги маънавӣ медиҳад. Рўзгор ва осори А. П. Чехов барои хонандагони тоҷик низ беш аз сад сол боз ошност ва нахустин намунаи осори ў ҳанўз дар солҳои бистуму сиюми қарни XX, ҳамзамон бо таъсиси нахустин рўзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ тарҷума ва чоп мешуданд. Дар даврони шўравӣ «Куллиёти осор»-и нависанда дар чаҳор ҷилд ба нашр расида буд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар низ иддае аз адибони тоҷик, минҷумла Абдуғаффори Партав ва Маҷид Салим низ намунае аз осори А. П. Чеховро тарҷума ва чоп кардаанд.
Ҳамакнун китобе,, ки пешорўи хонандагони азиз қарор дорад, тавре аз унвонаш бармеояд, фарогири панҷоҳ ҳикояи ин нависандаи бемонанди рус ва ҷаҳон мебошад, ки бо ибтикори нависанда, мутарҷим ва муҳақиқи пуркору пухтакори ҳамзамони мо устод Обиди Шакурзода бо сабку услуб ва нигоҳи тозае аз забони асл ба тоҷикӣ тарҷума шудааст. Ҳарчанд ҷаноби Шакурзода бо камоли тавозуъ ва хоксорӣ худро тарҷумони касбӣ намеҳисобад, бо мутолиаи ин навъи осори ў дармеёбем, ки ў дар ин ҷода шахси тасодуфиву ҳаваскор нест. То ин дам чанд китоб бо ҳиммату кўшоии Шакурзода ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп шудаанд ва тарҷумаҳояш, бахусус, аз осори А. П. Чехов бо забони салису равон, ширадору пурмаънӣ, бо хираду закои каммонанд ва лутфу зарофати саршори чеховиёна баргардон шудаанд ва кас гумон мекунад, ки онҳоро худи Чехов ба забони тоҷикӣ таълиф намуда бошад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омўзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» тасмим гирифтааст, ки таҳия, танзим ва нашри силсилаи «Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон»-ро роҳандозӣ кунад. То ин дам аз ин силсила романи адиби маъруфи турк, дорандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт Орҳан Памук «Номи ман Сурх аст» (2017) маҷмўи «Маҳкуми бегуноҳ»- даҳои адабиёти рус Л. Н. Толстой (2017), китоби «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ» (2018) мунташир шудаанд. Мо саодати онро дорем, ки дар танзим, ороиш ва чопи маҷмўаи «Панҷоҳ ҳикоя» и устоди бемонанди ҳикоя А. П. Чехов саҳмгузорӣ мекунем ва он чаҳорумин китоб аз силсилаи «Шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон» аст, ки пешниҳоди хонандагони арҷманд мегардад. Бояд гуфт, ки дар адабиёти ҷаҳон маъмул аст, ки бисёр адибони ҷаҳон осори худро ба шеваи баёни маҳалли зиндагиашон таълиф менамоянд, ки аз забони адабии маъмулӣ аз ҷиҳати навишт ва баён тафовутҳои ҷузъӣ дорад. Дар баъзе ҳикояҳои ин китоб низ мутарҷими мўҳтарам баъзан вожаву истилоҳотро дар шакли гуфториашон меорад ва ин шеваи баён ба асолати мардумӣ гирифтан ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи хонандагон ба ин ҳикояҳо мусоидат намудааст. Аз ин рў, мо ҳамин шеваи баёни мутарҷими заршиносу заҳматписандро пазируфтем ва аз хонандагони ин маҷмўа низ хоҳишмандем, ки онро на ба сифати қубҳ, балки ба сифати ҳусни китоб пазиро бошанд.
Шодӣ Шокирзода, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омўзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон»