Китоби нав. Ҳасани Султон: «Фуруғи худшиносии миллӣ»
Дар китоби узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи илмии ба номи Муҳаммад Осимӣ, ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва ҷоизаи байналмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ (Испания) Ҳасани Султон дар бораи худшиносии миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Пешвои миллат ва иқдомҳои наҷибашон дар пешрафти забону фарҳант, эҳё ва бузургдошти муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла ҷашну ойинҳои қадими тоҷикон ва ёдкарди баъзе шахсиятҳои бузурги таърихӣ дар рӯзгори давлатдории миллӣ сухан меравад.
Бахши охири китобро сурудаҳо ба ифтихори бунёди Неругоҳи Роғун ва нақши меҳварии Пешвои миллат дар бунёди он дар бар мегирад. Китоб барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Фурӯғи худшиносии миллии мо – тоҷикон дар ҷаҳони пуртазоди муосир, пеш аз ҳама, ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар амри эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ бастагию пайвастагӣ дорад.
Воқеан, бо тулуи офтоби файзбори Истиқлол Тоҷикистони азиз на фақат ба сифати давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эҳтирому эътироф қарор гирифт, балки ба шарофати Истиқлол чароғи ёдҳову шамъи хотирҳо дигарбора фурӯзон шуд ва тули армону умеду орзуҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик ба бор омад. Албатта, пӯшида нест, ки дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ бо дасисаи душманону бадхоҳони миллат дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии дохилӣ забона зад, вале боз ҳам ба шарофати хиради азалии халқи тоҷик ва муҳимтар аз ҳама бо саъйу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат оташи фалокатбори ин ҷанг хомӯш карда шуд ва мардуми Тоҷикистон бо дили саршор аз умед ба ояндаи дурахшон барои бунёди давлати озоди ҳуқуқбунёд камари ҳиммат бастанд. Дар китоби мавриди назар асосан пирӯзию музаффариятҳои рӯзгори нусратёри Истиқлол, ба хусус заҳматҳои Пешвои миллат дар робита ба арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ, эҳёи расму ойин ва ҷашнҳои қадими ориёӣ, гиромидошти бузургони гузаштаву имрӯзаи миллат, бунёдкориҳои бемисли даврон, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи Роғун ба қалами тасвир даромадааст.
Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки дар таърихи илму фарҳанги куҳанбунёди мо тарҳи масъалаи ҳувийяти миллӣ ва худшиносии ориёӣ ба номи устозурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048), ки аз бузургтарин донишмандони миллии мо барои ҳамаи замонҳост, алоқаманд аст. Бино бар ин, шарҳу тавзеҳи ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва дигар ҷашнҳои қадими ориёӣ ғолибан дар заминаи “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор” ва “Китоб-ут-тафҳим”-и ҳамин донишманди ҳамадон, ки китоби дувумиро ҳазор сол аз ин пеш ба забони модарии мо таълиф карда буд, сурат гирифтааст.
Сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки ин дороиҳои ҳувийятсоз, яъне ҷашнҳои қадими ориёии Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон дар Тоҷикистон ба сифати ҷашнҳои миллӣ пазируфта шуда, Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО сабти ном гарданд.
Аз чеҳраҳои мондагори таъриху фарҳанг ва ситораҳои дурахшони осмони забону адаб устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, хоҷа Ҳофиз, устод Айнӣ ёд гардида, аз овоза то ҳақиқати ба орифи маъруф ва устоди маънавии Мавлоно – Шамси Табрезӣ мансуб донистани мазори ин бузургвор дар қаламрави Тоҷикистон, ки мардуми кӯҳистони Зарафшон ба вай нисбат медиҳанд, бо даҳ далел таъйид шудааст.
Дар сурудаҳои “Роғуннома” ҳам ҷуръату ҷасорат, кӯшишу ғайрат ва нақши меҳварии Пешвои муаззами миллат дар сохтмони Неругоҳи Роғун таъкид гардида, Роғун бо шукӯҳу шуҳрат ва мондагорие чун катибаи Бесутун таърихи навини Ориёно арзёбӣ шудааст:
НОБ-и Роғун
Дар дили кӯҳ
Ҳамчу нақши бошукӯҳи Бесутун аст.
Бо хати зар
Дар ҷабинаш сабт таърихи навини Ориёно.
Китоби Ҳасани Султон «Фурӯғи худшиносии миллӣ» соли 2025 дар нашриёти «Дониш»,ба таъб расидааст ва хонандагон щоло имкон доранд онро дар Китобхонаи милль бихонанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.
Теги: мукаммалгардонӣ