Китоби нав аз нақши муассисаҳои олии таехникии кишвар дар омодасозии мутахассисон

na-shi-muassisahМонография Шералӣ Холов “Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисон (1991-2016) бо қарори Шурои илмӣ-методии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба чоп тавсия шудааст.

Муҳаррири масъули он Расулиён Қаҳҳор Расул – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба китоб  Абдуллоев Маҳмуд Холович – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Сайнаков Сайнак Парпишоевич – номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ тақриз навиштаанд.

Дар ин монография таърихи фаъолияти макотиби олии равияи техникӣ ва вазъи омода кардани мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ-техникӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон таҳлилу баррасӣ гардидааст. Муаллиф ҷойгоҳи равияҳои техникӣ дар низоми таҳсилоти олии кишвар, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳои нави техникӣ, таҳаввулоти пойгоҳи моддӣ-техникӣ, дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодони донишгоҳу донишкадаҳои техникӣ, равобити илмӣ-таълимии мактабҳои олии техникии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва сатҳи омода намудани кадрҳои маҳаллӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои техникиро аз лиҳози назариявӣ ва амалӣ таҳқиқ кардааст.

Монография барои муҳаққиқон, унвонҷӯёну докторантон, донишҷӯён ва доираи васеи шавқмандони таърихи Тоҷикистон тавсия шудааст.

Мавзуна Салимова
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.