Китоби нав дар масоили назарявӣ-амалии такмили ихтисосли судяҳо
Дар монографияи Завқизода Солеҳ Амин “Интихоб, тайёр намудан ва такмили ихтисоси судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ-амалӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ” бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назариявӣ, амалӣ ва ташкилию ҳуқуқии интихоб, тайёр наиудан, таълими мутассил ва такмили ихтисоси судяҳо ва номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз–судя, асосҳои назариявӣ ва заминаҳои ҳуқуқии этикаи касбии судя, мафҳум ва моҳияти онҳо такя бо дастовардҳои муосири илмӣ, таҳлили қонунгузории амалкунандаи кишвар, истифодаи усули таҳлили муқоисавии ҳуқуқии санадҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ таҳқиқоти фарогири илмӣ анҷом дода шудааст.
Монографияи мазкур барои судяҳо, коромӯз-судяҳо, дигар кормандони низоми судии кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимон, муҳаққиқон, аспиранту магистрантҳо, донишҷуёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаи мазкур мароқ зоҳир менамоянд, тавсия шудааст.
Муаллиф дар муқаддима овардааст, ки раванди тағйирёбандаи сиёсӣ-иқтисодии ҷаҳони муосир, рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ, зуд-зуд дигаргун шудани авзои сиёсии ҷомеа ва дар ин замина пайдо гаштани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар аксар мавридҳо ҳаллу фасли онҳо ба уҳдаи судя гузошта шудааст, тақозо менамояд, ки пешниҳодҳои муосири ба талаботи ҷомеаи зудинкишофёбанда ҷавобгӯйи интихоб, тайёр намудан, консепсияи таълими муттасил ва такмили ихтисоси судяҳо ва номзадҳо ба вазифаи судя коркард карда шавад.
Ин ҳолатҳо аз мубрамии мавзуъ дарак дода, тақозо менамоянд, ки роҳҳои нав ва муосири интихоб, тайёр намудан, баланд бардоштани савияи дониши судя ва талаботи меъёрҳои ахлоқӣ нисбати ӯ таҳқиқ карда шавад. Зеро аз иқтидори судя ба тариқи дахлдор амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ алоқамандӣ дорад, ки ин худ омили асосии ноил гардидан ба боварии ҷомеа ва баланд бардоштани мақому нуфузи ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Шаҳрвандон бояд боварӣ дошта бошанд, ки ҳангоми ҳалли баҳсҳои бавуҷудомада ва барқарор кардани ҳуқуқҳояшон, онҳо ба судяи касбӣ муроҷиат менамоянд ва ин муроҷиати онҳо дар доираи меъёрҳои қонунгузорӣ, боадолатона ҳал какрда мешавад. Воқеан, нуқтаи ниҳоиро дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташкилоту муассисаҳо судя мегузорад. Ҳатто дараҷаи амалишавии қонунҳои мукаммал ва ба таъмини ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандон мусоидаткунанда дар дилхоҳ ҷомеа аз судяе вобастагӣ дорад, ки сатҳи баланди дониши касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ахлоқи ҳамида дорад.
Китоби Интихоб, тайёр намудан ва такмили ихтисоси судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ-амалӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарҳоди Салим, мутахассиси
пешбари шуъбаи
мукаммалгардонии фонд