Китоби нав дар Телеграмканали мо. Китами Масао: “Самурае, ки шамшер надорад”

Рӯзноманигор, пажӯҳишгар, тарҷумони шинохта Абдуғаффор Қурбонов бо тарҷумаи як китоби дигар аз осори мондагори адибони Ҷопон хотири ҳаводорони каломи баъеро шод кард. Яке аз беҳтарин романҳои ҷопонӣ “Самурае, ки шамшер надорад”-и адиби номвар  Китами Масао ҳоло дастраси хонандагони тоҷик шуд.

Гуфтанист, ки Абдуғаффор Қурбонов на аввалин бор аст, ки ба тарҷумаву нашри осори адибони Ҷопон даст мезанад. Соли 2019 романи нависандаи барҷастаи Ҷопон Кобо Абэ “Хонуме дар регзор”-ро, ки ба андешаи аксарияти мунаққидони адабиёти бадеӣ, яке аз асарҳои беҳтарини натанҳо ин нависанда, балки адабиёти нимаи дуюми асри гузаштаи ин кишвар ба шумор меравад, тарҷума ва нашр карда буд. Ҳамчунин то ин замон, ҳикояҳо, новеллаҳо, қиссаҳо ва романҳои ниҳоят ҷолибу хондании адибони машҳур ва номдори Ҷопон, аз қабили Рю Мураками, Тэру Миямото ва Тэтсуо Миураро низ аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон кард манзури дӯстдорони адабиёти бадеӣ гардонд.

Чуноне ёдовар шудем, “Самурае, ки шамшер надорад” ба нависандаи Ҷопон Китами Масао тааллуқ дорад ва ба шарҳу тафсири воқеаҳои асри XVI-и ин кишвар бахшида шудааст. Асрори сарварие, ки барои расидан ба қуллаҳои шӯҳрат сарлашкари таърихӣ ва афсонавии Ҷопон Тоётоми Хидэёсӣ истифода бурдааст, ба андешаи таърихнигорон, фармонбардори замон нестанд.

Китоби “Самурае, ки шамшер надорад” сазовор аст мавқеи худро дар қатори чунин сарчашмаҳои классикии ҳикмати шарқиёна, аз қабили “Аҳдномаи байналхалқӣ дар бораи санъати ҷангӣ”-и Сунтсзӣ ва “Китоби панҷ ангушт тарин”-и Миямото Мусисӣ ишғол намояд. Ин принсипҳои ҳаматарафа, стратегияҳо ва тактикаҳо имрӯз ба ҳар касе, ки мехоҳад дар тиҷорат ва зиндагӣ комёбӣ ба даст оварад, кумак мекунанд.

Тарҷумон изҳори умед кардааст, ки чанд кӯшишу заҳматҳои хоксоронае, ки дар ҷараёни тарҷума ва омода намудани ин асари воқеан ҳам арзандаи нависандаи Ҷопон Китами Масао таҳти унвони “Самурае, ки шамшер надорад”, ба харҷ расонид, писанди ҳамагон мегардад.

Дар пешгуфтор дар бораи Хидэёсӣ маълумот дода, гуфта мешавад, ки ӯ сарвари аз ҳама хуб ва ниҳоят ғайриодӣ дар таърихи Ҷопон ба шумор меравад.

Хидэёсӣ соли 1536 дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Зоҳиран ягон чизе аз қисмати ҳайратангезаш дарак намедод. Ӯ қади паст дошт, хурдҷусса ва заиф ба назар мерасид, бесавод ва бадафту зишт буд. Гӯшҳои чаппарак, чашмҳои дар чуқурӣ ҷойгирифта, пайкари бемадор ва чеҳраи сурху пурожанг ӯро ба таври ҳайратовар ба маймуни антар монанд мекарданд. Маҳз барои ҳамин ба ӯ лақаби Маймун дода буданд.

Хидэёсӣ дар авҷи даврони пурошӯби “асри муборизаи сулолаҳо“ ба дунёи ҳастӣ ворид шуд, ки мартабаи баланди ҳарбӣ ё дараҷаи рӯҳонӣ барои деҳқони шӯҳратпараст ягона воситаи раҳоӣ ёфтан аз меҳнати пурмашаққату сангин ба шумор мерафт. Аз ҳад зиёд хоксорона будани маълумотҳои ҷисмонӣ (қад якуним метр, вазн панҷоҳ килограмм ва қоматхамидагии аз ҳад зиёд) имкон намедоданд, ки дар ҷодаи низомӣ ба комёбиҳо ноил гардад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ тавонист ба мисли ситора ба қуллаҳои сарварӣ парвоз намояд ва кишварро, ки бар асари ҷангҳои дохилӣ пора-пора шуда буд, муттаҳид созад. Дар ин сурат, чӣ гуна ӯ ба ин ноил гашт?

Қувваи иродаи оҳанин, зеҳни мисли поку тез, матонати хамнашаванда ва дарки амиқи руҳияи инсон – маҳз ҳамин сифатҳо ба Хидэёсӣ имкон доданд, ки “аҳли шакро ба хидматгорони вафодор, душманонро бошад, ба иттифоқчиён мубаддал созад“ (Эйдзи Ёсикава “Номуси самурай”)

Ин самураи бе шамшер, ки дар ҷодаи аз худ кардани санъати ҳарбӣ қуллаҳои махсусро ба даст наовард, аз аслиҳаи дигар истифода бурд. Бартарӣ пайдо кардан аз ҳарифони асилзодаи худ ва ба вазифаи ҳокими Ҷопон таъин шудан ба ӯ ҳазли ҳақирӣ, ҳиллагарӣ ва маҳорати пешбурди музокирот кумак карданд. Дар ҷомеаи иерархӣ, ки қонунҳои пойдори сарҳадҳои табақавӣ ҳукмронӣ мекарданд, Хидэёсӣ қаҳрамони рондашуда, намунаи ибрат барои ҳар касе, ки талабгори ба дасти худаш ҳал намудани тақдираш мебошад ва кӯшиш мекунад ба мисли қаҳрамонҳои Горатсио Алгера, “аз гадоӣ ба шоҳӣ” ба қуллаи мақсад бирасад, гардид. Соли 1590 Хидэёсӣ ҳокими олии Ҷопон таъин шуд….

Иқтибосро дар ҳамин ҷо ба поён мебарем ва шумо, хонандаҳои азизро ба мутолааи китоб даъват мекунем. Шарт нест шумо ин китобро дар даст дошта бошед. Дар фазои маҷозӣ ҳам он дастрас аст. Тарҷумон бузургворона шакли электронии романро дар ихтиёри мо гузошт ва ҳоло он дар Телеграмканали сомонаи мо бо ин нишонӣ қобили дарёф ва мутолаа аст:

САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД

ВА ТАРҶУМАҲОИ ДИГАРИ АБДУҒАФФОР ҚУРБОНОВ ДАР ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ МО:

Фарзонаи Шарифова, мутахассиси шуъбаи мукаммалградонии фонд.