Китоби нав: Доктор Асадуллоҳи Ҳабиб: “Дар савоҳили Ганго”
Китоби пажӯҳишии доктор Асадуллоҳи Ҳабиб, аз донишмандон ва бедилпажӯҳони маъруфи Афғонистон, инак бо талоши устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лола Ҳоҷибоева ба крилӣ баргардон ва дар хидмати хонандагон қарор гирифтааст. Мухтасари китоб дар сарсухани бисёр хуби Ҷаъфари Раҳбар, муассис китобхоаи устод Халилуллоҳи Халилӣ омадааст, ки онро айнан меорем.
Дустони азиз ва ҳамзабонони гироми! Барои нигоранда мояи масаррат (хушӣ) аст, ки шодии руҳи доктор Асадуллоҳи Ҳабиб ва ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии хонандаи гиромишон як асари вазини хонданӣ ва достонашонро дар мавриди Бедил ба чоп ороста пешкаши хонандагон ва ҳамзабонони азизи тоҷик менамояд.
Доктор Асадуллоҳи Ҳабиб –раиси қаблии Донишгоҳи Кобул яке аз чеҳраҳои пуркор ва таъсиргузори илмӣ ва адаби кишвари мост, ки осор ва таълифоти арзишмандашон дар заминаҳои адабиёт ва матншиносӣ ва бедилпажуҳӣ дорои этиборӣ баланд мебошад.
Устод Ҳабиб рисолаи докторияшро дар мавриди Бедил ва бедилшиносӣ дар Маскав дифоъ намуда, дар солҳои раёсати Донишгоҳи Кобул бо дӯстон ва донишмандони матраҳи тоҷик ҳамкории наздик ва мутақобили илмӣ ва адабӣ доштанд. Яъне дар ин муҳит ҳам теъдоди олимон ва фарҳехтагони тоҷик бо осор ва таълифоташон ошноӣ доранд. Таҳқиқ ва осори илмии ӯ дар мавриди бедилшиносӣ то ба имрӯз мавриди истифодаи пажӯҳишгарон ва алоқамандон аст. Асари феълӣ (“Дар савоҳили Ганго”) хушбахтона, нахустин бор ба хатти кириллик баргардон ва ба нашр расида, хидмати хонандагон ва азизони тоҷики мо қарор мегирад. Ин асари достонии зебо ва бо нашри гиро дар мавриди сайри зиндагӣ ва рӯзгори Бедил аст, то ҳол чандин бор дар Афғонистон ва Эрон таҷдиди чоп шуда ва то ба имрӯз ва чанде бо забонҳои дигар тарҷума ва нашр шуда, таваҷҷуҳи густардаи алоқамандонро ҷазб кардааст.
Умедворем, таъбу нашри ин асари дилпазири достонӣ мавриди таваҷҷуҳ ва диққати хонандагони азизи тоҷики мо қарор гирад. Интишор ва шиносоии чунин осор робитаҳои муштараки адабӣ ва фарҳангӣ, ҳамдилӣ ва ҳамзабонии моро бештару беҳтар тақвият хоҳад бахшид ва аз чароғи дерини таърих ва фарҳанг ва решапайвандҳои муштараки мо нигоҳбонӣ хоҳад кард.
Дар фарҷом лозим медонем аз Лола Хоҷибекова – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои баргардон, тавзеҳот сафҳаороии ин асари вазнин аз тарафи худ ва ворисони доктор Асадуллоҳи Ҳабиб самимона изҳори сипос ва қадрдонӣ намоем, ки бо диққат ва ҳавасмандӣ заҳмат кашиданд, то ин достони зебо ва ҷаззоб ба кайфияти муносиб дар дастраси хонандагон қарор гирад.
Ҷаъфари Ранҷбар,
муассиси китобхонаи
устод Халилуллоҳи Халилӣ.
Китоби Доктор Асадуллоҳи Ҳабиб “Дар савоҳили Ганго”-ро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китбхонаи миллӣ мутолаа намоед.
Лундишоева Гулистон
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.