Китоби нав: «Дӯстон, ёди шумо базм марост»
Ин китоб дар нашриёти “Балоғат”-и шаҳри Душанбе ба тозагӣ мунташир шуж. Чуноне дар муаррифии он мехонем, нашри аввал дар ҷашни 60-солагии Ҳабибулло Файзулло сурат гирифта будааст. Пасон аҳли илм, ҳамқаламон, дӯстону пайвандони шоир сол ба сол аз ҳусни ҳамнишинӣ, ҷавонмардиву ёрнавозӣ, вижагиҳои ашъори ӯ мақолаву ёдвора навишта, дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп карданд. Дар нашри дуюм намунаҳое аз нигоштаҳои ҷолиби пажӯҳишгарон, мухлисону ёрони шоири зиндаёд, ки олами ботин, рафтору гуфтори хотирмонашро қаламӣ кардаанд, гирдоварӣ шудааст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад, ки масъулияти гирдоварии китобро ба уҳда доштаанд, дар пешгуфторашон навиштаанд:
Дару дарвозаҳои майдони адабиёт аз қадим то кунун барои суханварони воқеан боҳунару ошиқ, косибони пургӯй ва дар бофтани осори «аз ҳунар орӣ» боҳавсала, боз онҳое, ки дар бисот ғайр аз ҳавою ҳавас чизе надоранд, баробар кушода аст. Яъне ҳар фард метавонад саре ба ин чаман бизанад, вале новобаста ба кӯтоҳӣ ё дарозии умр, шумораи ҷилди китобҳо, аз рӯи нақши созгор билохира дар ин паҳнои пурасрор, ҷойи худро меёбад. Дар ин майдон, ба қавле ҳақиқат ин аст:
Дар базми ишқ, рутбаи хурду калон якест,
Тифлон баробаранд ба ҳафтодсолаҳо.
Мешавад, ки умри дарозе аз пайи орзуву ҳавасҳои хому хасакӣ, бо ранҷу азоб талаф, саҳифа-саҳифа коғазҳои сафед ва сиёҳ бикунӣ ва охири охирон осор ва чеҳраат дар муҳити адабӣ ва ёди хонанда шабаҳвор намонад. Дареғ…
Лекин шахсиятҳои асили ҳунар бо заҳмат ва рафтору кирдорҳои ғайриодӣ аз ин варта мераҳанд.
Дӯсти равоншоди мо, шоири шӯридадил Ҳабибулло Файзулло бо вуҷуди он, ки ҳаёти мисли барқ кӯтоҳ дид, бо шахсияти адабии дурахшон, шеъри тару дилпазир ва дӯстону мухлисони самимӣ умри
бардавом ёфт. Ва ёди неки дӯстон ва баррасии ашъори Ҳабибуллои гиромӣ дар ин китоб гувоҳи ин гуфтаҳост.
Хонандагон китоби «Дӯстон, ёди шумо базм марост» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.