Китоби нав: Эҳсон Сафарзода: “Муаррифгари миллати тоҷик”
Ин китоб ба тозагӣ мунташир шудааст ва тавре аз номаш пойдост, силсилаи мақолаҳои пажӯҳишгари ҷавони тоҷик Эҳсон Сафарзодаро дар бораи устод Садриддин Айнӣ дар бар мегирад. Нависандаи шинохта Шодӣ Раҷабзод дар сарсуханаш ба ин китоб аз ҷумла навиштааст:
Тавре медонем, дар саргаҳи илму адаб ва фарҳанги тоҷик баъд аз замони инқилоб як идда абармардону фозилоне қарор доштанд, ки устод Садриддин Айнӣ аз пешгомону барҷастатарин дар байни онҳо шинохтаву эътироф гардидааст. Устод Айнӣ дар ташаккулу такомул ва рушду таҳаввули адабиёту фарҳанг, илм ва публитсистикаи тоҷик хидмати таърихию мондагореро анҷом додаанд, ки дар ин хусус асарҳои зиёди илмию тадқиқотӣ, бадеӣ ва публитсистикии ӯ шоҳиди ҳол ва исботи барҳаққи гуфтаҳои мо мебошанд. Перомуни осори бадеӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, таърихӣ, монографияҳову, таълифоти публитсистии нависанда, шоир, олим, муаррих, ва публитсисти бузурги тоҷик адабиётшиносону муҳаққиқон дар замони зиндагию фаъолияти устод ва солҳоли баъдӣ рисолаю асарҳои пурмуҳтавои пажӯҳишӣ навишта ба табъ расонидаанд, ки дар шумори он ҳама, кас дармемонаду ангушти ҳайрат мегазад. Ва ин омил аз нубуғи шахсияте чун устод Садриддин Айнӣ ва заҳматҳои фаровону шабурӯзияшон шаҳодат медиҳанд.
Адабиётшиносону донишмандон, амсоли Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода, Радий Фиш, Иброҳим Усмонов, Аламхон Кӯчарзода, Муҳаммадюсуф Имомзода ва бисёр дигарон мақолаю матолиб ва рисолаю мнографияҳо таълиф намудаву ба табъ расонидаанд, ки паҳлуву ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёти устод ва осори назмию насрии ӯро мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор додаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ асарҳои пажӯҳишию илмӣ дар масъалаи шаклу шеваю услуби нигориши С. Айнӣ ҳамчун адиб, ғояву муҳтавои осори ӯ, консепсияи маърифатии асарҳои бадеи насрии устод, хусусиятҳои публитсистика ва моҳияти илмии осори таҳқиқотияшон зиёд навишта шудаву ба табъ расонидаанд. Боиси хурсандист, ки дар радифи олимону донишмандони пуртаҷрибаю баркамол, ки ба пажӯҳиши осори илмию бадеии устод машғуланд, шуморе аз муҳаққикони ҷавон дар ин ҷода заҳмату ранҷ кашида, рисолаву монографияҳои пурмуҳтаво таълиф кардаанд, ки паҳлуҳои норавшан ва таҳқиқшудаи эҷодиёти устодро мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор дода, ба натиҷаҳои нек ноил гардидаанд. Олими ҷавон ва пуркору умедбахш, адабиётшиноси соҳибистеъдод Эҳсон Сафарзода аз зумраи чунин пажӯҳишгарон ба шумор рафта, солҳои тӯлонӣ осори публитсистии С. Айниро таҳқиқ намуда, дар ин бобат рисолаи номзадӣ низ ҳимоя кардааст, ки аз ҷониби олимону адабиётшиносони шинохтаву маъруф сазовори баҳои арзанда гардидааст. Ба ҷузъ ин, муҳаққиқи сермаҳсул чанд асари хурду бузурги дигаре дар хусуси ҷанбаҳои илмии публитсистикаи устод С. Айнӣ таълиф ва ба нашр расонидааст.
Инак, китоби нави номзади илмҳои филологӣ Эҳсон Сафарзода таҳти унвони «Муаррифгари миллати тоҷик», ки маҷмуаи мақолаю матолиби солҳои охир навиштаи мавсуфро дар бар мегирад, мавриди назари мо қарор дорад, ки воқеан, дорои ғояю муҳтавои баланд буда, хидмату рисолати таърихи устод С. Айниро дар масъалаи шинохти миллати тоҷик, муаррифии адабиёти классикии тоҷику форс ва намояндагони он инъикосу тарғиби дастовардҳои ин миллат дар соҳаҳои мухталиф-саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва амсоли инҳо дар мақолаю матолиби публитсистияшон, муборизаю талошҳои хастанопазири адибу равшанфикри нобиғаро дар масъалаи забони тоҷикӣ, қадимӣ будани ин забон ва ва ғайра дар бар мегирад…
Хонандагон китоби Эҳсон Сафарзода «Муаррифгари миллати тоҷик»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.