Китоби нав. “Ганҷинаи миллат”
Китоб аз ҷониби Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” таҳия ва чоп шудааст. Мураттибон гуфтаанд, ки онро ба муносибати 100-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардаанд.
Китоб зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ омода шуда, онро Маҳмадвалӣ Зиёев, Мамадназар Ғафуров ва Орзуҷон Искандаров мураттаб кардаанд.
Муҳаррир Ҷамил Валиев.
Дар пешгуфтор мехонем: Шеваи китобу китобдорӣ аз қадим мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дошт ва барои ҳифзу нигаҳдории он шароити мусоид фароҳам оварда шуда, китобхонаҳо бунёд мегардид. Ҳадаф аз китобхона ва бунёди он ҷамъоварии маводу ҷобаҷогузории дурусти он ба рафҳо ва дар як муддати кутоҳ дастрас намудани он ба хонандагон мебошад, ки он бе мутахассиси соҳаи соҳаи китобдорӣ мушкил аст.
Мувофиқи иттилооти дастрас илми китобдорӣ аз қарнҳои XV рӯ ба инкишоф аст, вале заминаи бунёдии он ба чандин қарн пеш аз мелод мерасад. Ҳамид Муҳсинӣ ба ин назар аст, ки: «дар китобхонаҳои лавҳаҳои гилини Бобил ва Ошуро, ки ҳатто ҳазорон сол қабл аз Китобхонаи Найнаво вуҷуд дошт, китобдорони он унвони «Устодони лавҳҳои мактуб»-ро доштанд ва аз миёни онҳо нахустин китобдори шинохташуда шахсе бо номи Омил – Ону аз Бобил буд. Онҳо омӯзиш дида буданд ва фунуни китобатро медонистанд, дар «пешаи китобдорӣ» мутабаҳҳир буданд. Онҳо ғолибан корҳое аз қабили тасҳеҳ, истинсох (нусхабардорӣ) ва тарҷумаи осори маврижи ниёзи мақомоти олирутбаи давлатӣ ва мазҳабиро низ бар уҳда доштанд».
Ҷеймс Томпсон низ гуфтааст, ки «Ҳазораи II пеш аз мелод дар хазинаҳои китобии қадима кӯшиши тақсимнамоию ҷобаҷогузории мавод аз рӯи соҳаҳо, ки барои истифода осон буд, таснифоти нахустини илмии соҳавӣ маҳсуб меёфт».
Гузаштагони мо низ дар ин замина саҳми арзанда дошта китобҳои лозимаро ба забони паҳлавӣ тарҷума менамудаанд. Шопури 1 (солҳои 272-242 пеш аз мелод) аз зумраи касонест, ки бо ташаббуси ӯ Донишгоҳи «Гундишопур» бунёд ёфт, ки он нахустин мактаби тиббӣ ва гаҳвораи илми форсу тоҷик ба шумор мерафт ва ҳатто бархе аз котибоне, ки он ҷо кор мекарданд, аз академияҳои Афина ва Искандария омада, бо донишмандони ҳиндӣ, юнонӣ, суриёнӣ ва форсҳо якҷо шуда, осори лозимаи тиббиро аз забонҳои ҳиндӣ ва юнонӣ ба забони паҳлавӣ тарҷума мекарданд. Аз ин мафҳум бармеояд, ки Донишгоҳи «Гундишпур» аз лиҳозӣ таърихӣ нахустин Академияи тиббӣ дар ҷаҳон буд.
Дар шароити имрӯз, вазифаи китобхонаҳо аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро гирифта, аз тариқи роҳнамоиҳои касбӣ шавқу рағбати онҳоро ба китобу китобхонӣ бештар намоянд. Аз ин рӯ, китобхонаҳо диққати асосӣ ба масъалаҳои фароҳамоварӣ, коркарди адабиёт, феҳристнигорӣ, истифодаи навгониҳо дар равандҳои хидматрасонӣ ва пеш аз ҳама истифодаи технологияи муосирро барои сари вақт қонеъ намудани ниёзи хонандагон бо навтарин дастовардҳои илмӣ ва фарҳангиро дастраси омма менамоянд.
Аз замони шӯравӣ сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ дар пешрафти илму фарҳанг ва мактабӣ ва шахсӣ ривоҷ пайдор кард ва баъди соҳибистиқлол кардидани ватани азизамон инкишоф ёфт.
Аз ҷумла, Китобхонаи марказӣ, ки соли 1993 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ сохта шуда, бо номи «Китобхонаи омавии давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» ба фаъолият шуруъ намуда, соли 1934 бахшида ба ҷашни 1000-солагии Абулқосим Фирдавсӣ, номи «Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ»-ро гирифтааст.
Ҳамин тариқ, бинои мазкур соли 1993 мақоми миллиро гирифта, аз 1 августи соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба тасвиб расид. Аммо, бинои Китобхона ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Аз ин рӯ, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави Китобхона 4 сентябри соли гузошта шуд ва 20 марти соли 2012 дар ҷашни «Наврӯз» онро «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ намуда, дар истифодаи умум қарор доданд…
Хонандагон метавонанд китоби “Ганҷинаи миллат”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд
Фарҳоди Салим, мутахассиси пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд.